«Устувории оила-рушди ҷомеа»-суҳбати созанда дар ДМИТ
Душанбе, 17.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 16 май бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти номи «Устувории оила-рушди ҷомеа» бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила баргузор гардид.
Муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Арзигул Турсунова дар мавзӯи «Оила ва нақши ҷамъиятии он» гуфт, ки барои тарбияи ҷавонони муосир воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла интернет таъсиррасон аст, зеро бархе аз ҷавонон аз сабаби ноогоҳию надоштани дониши кофӣ тавассути интернет фирефтаи гурӯҳҳои муайян гашта, ба гумроҳӣ мераванд ва даст ба амалҳои номатлуб мезананд.
Ҳамчунин зимни суҳбат донишҷӯёни курси 1 факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар мавзӯи «ВАО ва таъсири тарбиявии он» ва «Тарбия дар оилаи муосир» маърӯза намуданд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






