Валентина Матвиенко барои ҳалли мунсифонаи қазияи Хованск мусоидат менамояд

Май 19, 2016 15:53

Душанбе, 19.052016/АМИТ Ховар/. Ҳеҷ гуна аъмоли муғризонаи шахсони алоҳида ва ё гурӯҳҳои манфиатҷӯ наметавонанд муносиботи хуби Тоҷикистону Русияро халалдор намоянд. Мо ҳаргиз ба чунин шахсон имкон намедиҳем, ки ҳадафҳои нопоки худро амалӣ намоянд,- гуфт Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Валентина Матвиенко доир ба қазияи оромгоҳи  Ховански шаҳри Маскав, ки дар натиҷаи он се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд, ба Шукурҷон Зуҳуров ва дар шахси ӯ ба хонаводаҳои қурбоншудаҳо ҳамдардии амиқ баён намуда, аз вуқӯи ин ҳодиса дар қаламрави кишвараш ибрози таассуф кард.
Валентина Матвиенко ба Шукурҷон Зуҳуров иттилоъ дод, ки қазияи мазкурро шахсан зери назорат гирифта, барои ҳалли мунсифонаи он мусоидат менамояд.
Дар мулоқот ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Русия, вазъи минтақа ва ҷаҳон матраҳ гардид. Зикр шуд, ки дар  қиболи афзоиши хатарҳои ҷаҳони муосир зарурати таҳкими равобити дуҷониба дар бахши мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ба миён омадааст.

Май 19, 2016 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад