Вохӯрӣ: «Терроризм ва экстремизм — хатар ба амнияти ҷомеа»

Май 24, 2016 10:16

Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоатҳои Понғоз, Меҳробод, Шайдон, Шодоба ва деҳаи Гулшан дар мавзӯи «Терроризм ва экстремизм-хатар ба амнияти ҷомеа», «Васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои оилаҳои тарккардашудаи  муҳоҷирони меҳнатӣ» ва дигар масъалаҳои ҷорӣ вохӯрӣ гузаронид.
Дар вохӯрӣ бо сокинон доир ба хатарҳои шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, қоидаҳои муҳоҷирати бехатар, будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа, воридшавӣ ба кишвари қабулкунанда, тарзу роҳҳои гирифтани патент, дастрас намудани полиси суғуртаи тиббӣ, гирифтани маълумотномаи тиббӣ доир ба надоштани касалиҳои сироятӣ, тарзи супоридани тест дар марказҳои тестсупории Федератсияи Русия ва ду мактаби олии шаҳри Душанбе, ки ҳуқуқи додани сертификат доранд, маълумот дода шуд. Ба шаҳрвандони воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Русия мамнӯъ барои омӯзиши касбҳои замонавӣ Литсейи касбӣ-техникӣ ва Маркази таълими калонсолони ноҳия тавсия дода шуд.

Май 24, 2016 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 13 дараҷа гарм мешавад
Дар Рашт Маркази омӯзиши даврҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия аз соли 2027 бояд кадом талаботи нави қонунгузориро риоя намоянд?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад