Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин дар Тошканд

Май 24, 2016 08:49

Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 23 майи соли 2016 дар Тошканд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин   Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И баргузор гардид.
Дар ҷараёни суҳбати самимона тарафҳо масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд, аз ҷумла доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ, илмию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай мубодилаи афкор намуданд.
Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобилаи хосси муносибатҳои ду кишвар баргузор гардид.

Май 24, 2016 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст