Ҷаҳон Султоноғлу: «Ифротгароӣ боварӣ ва эътимодро халалдор месозад»
Душанбе, 13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Ифротгароӣ боиси пайдо шудани тарсу ваҳм дар ҷомеа гашта, сулҳу субот ва амнияти давлатро аз байн мебарад, зиёда аз ин эътимоду бовариро халалдор менамояд», — чунин зикр намуд зимни брифинги матбуотӣ ёрдамчии Котиби генералии СММ, директори минтақавии Барномаи рушди СММ оид ба кишварҳои Аврупои шарқӣ ва ИДМ хонум Ҷаҳон Султоноғлу.
Хотиррасон мешавем, ки ёрдамчии Котиби генералии СММ, директори минтақавии Барномаи рушди СММ оид ба кишварҳои Аврупои шарқӣ ва ИДМ Ҷаҳон Султоноғлу бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, субҳи имрӯз дар конфронси байналмилалии «Таҳияи чорабиниҳо барои мубориза бар зидди ифротгароӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҷаҳон Султоноғлу изҳор кард, ки Барномаи рушд ҳамчун яке аз сохторҳои муҳими СММ ба масъалаи пешгирӣ аз пайдошавии ифротгароӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Аз ҷумла, дар асоси нақшаи амали Котиби генералии СММ, идораи Барномаи рушд силсилаи чорабиниҳоро дар сатҳи кишварҳои ҷаҳон омода намудааст, ки ҳадаф аз силсилаи чорабиниҳо бартараф намудани ифротгароӣ бо роҳи мусоидат ба рушди ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва ҷорӣ кардани таҳаммулпазирӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин сол пайгирона ба муқобили пайдоиш ва паҳн шудани ифротгароӣ дар миёни ҷомеа чораҳои заруриро дар сатҳи давлатӣ амалӣ месозад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






