Баррасии стратегияи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030
Душанбе, 13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 13 июни соли 2016 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ёвари Дабири кулли СММ ва Директори минтақавии Барномаи рушди СММ (БРСММ) барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Ҷиҳан Султоноғлу мулоқот кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БРСММ, аз ҷумла таҳия ва қабули «Стратегияи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» ва гузаронидани Ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он таҳти унвони «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария»-ро, ки 9-11 августи 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.








Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд






