Бозиҳои гурӯҳӣ дар Чемпионати Аврупо-2016 ба поён расиданд

Июнь 24, 2016 08:37

Душанбе, 24.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Охирин бозиҳои гурӯҳӣ дар силсилаи рақобатҳои Ҷоми Аврупо оид ба футбол дар дили шаб ба анҷом расиданд. Вохӯрии дастаҳои мунтахаби Португалия ва Маҷористон ба ҳайси яке аз бозиҳои серголи даври гурӯҳӣ ба қайд гирифта шуд. Капитани португалиҳо Криштиан Роналдо(50,62) ва маҷорҳо Балаж Ҷуджак(47,55)  дар ин рақобат бо дуголӣ саҳми худро гузоштанд. Золтан Геро(19) ва Нанӣ(42) муаллифи аввалин голҳо шуданд. Дар ин ҷода Италия аз Ирландия бо натиҷаи 0:1 ва Шведсия аз Белгия бо ҳамин натиҷа мағлуб шуданд. Ҷадвали раддабандии гурӯҳи «Е» ва «F» дар ҷамъбаст чунин шакл гирифтанд:

Гурӯҳи  Е 

N Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1   ИТАЛИЯ 3 2 0 1 3-1 6
2   БЕЛГИЯ 3 2 0 1 4-2 6
3   ИРЛАНДИЯ 3 1 1 1 2-4 4
4   ШВЕДСИЯ 3 0 1 2 1-3 1

 

Гурӯҳи  F 

N Команда И В Н П М О
1   МАҶОРИСТОН 3 1 2 0 6-4 5
2   ИСЛАНДИЯ 3 1 2 0 4-3 5
3   ПОРТУГАЛИЯ 3 0 3 0 4-4 3
4   АВСТРИЯ 3 0 1 2 1-4 1

 

Ба ҳамин тартиб, дастаҳое, ки муборизаро барои Ҷоми Аврупо дар бозиҳои 1/8-ниҳоӣ идома медиҳанд, маълум шуданд ва тақвими бозиҳо ҳам муайян аст:

 Таърих

25 июн

соат

18:00

 Дастаҳо

1). Швейтсария — Полша

 Шаҳр

Сент-Этен

 25 июн 21:00  2). Уэлс — Ирландияи шимолӣ  Париж
 25 июн 00:00  3). Хорватия — Португалия  Ланс
 26 июн 18:00  4). Фаронса — Ирландия  Лион
 26 июн 21:00  5). Олмон — Словакия  Лилл
 26 июн 00:00  6). Маҷористон — Белгия  Тулуза
 27 июн 21:00  7). Италия — Испания  Сен-Дени
 27 июн 00:00  8). Англия — Исландия  Нитса
Июнь 24, 2016 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид