Дар ДДЗТ бахшида ба рӯзҳои Пушкин маҳфили фарҳангию адабӣ доир гардид
Душанбе, 13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба рӯзҳои Пушкин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултаи филологияи руси Донишкадаи давлатии забонҳои Точикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Чувства добрые я лирой пробуждал» маҳфили фарҳангию адабӣ баргузор шуд.
Дар маҳфил омӯзгорони кафедраи забон ва адабиёти рус дар дар мавзӯи «Пушкин ва адабиёти тоҷику форс» маърӯзаҳо намуданд. Донишҷӯёни донишкада аз асарҳои шоири бузург шеърхонӣ намуда, саҳначаҳо аз ҳаёти Александр Пушкин ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дар маҳфил аз ҷониби намояндагони «Россотрудничество» дар Тоҷикистон ба омӯзгорону донишҷӯёни донишкада ифтихорномаҳо супорида шуданд.








Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд






