Дар Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии тиҷорат ифтитоҳ ёфт

Июнь 18, 2016 09:53

Душанбе, 18.06.2016. /АМИТ «Ховар»/.  17 июни соли равон дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии тиҷорат «Суғд-2016» ба кори худ шурўъ кард. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар маросими кушодашавии ярмарка  Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки тайи солҳои охир     вилоят  дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди  иқтисодиёт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Коргоҳҳои нави саноатӣ таъсис ёфтанд, дар натиҷаи гузарондани таҷдиди сохтор  ҳазорҳо хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ  ташкил шуданд, ободу кабудизорунии заминҳои бекорхобида босуръат идома дорад. Бо нерўи бозуи сокинони вилоят шаҳру  деҳоти нави аҳолинишин сохта мешаванд, барномаи  бунёду азнавсозии роҳҳо бомуваффақият амалӣ гардида, садҳо километр роҳҳои байналхалқӣ ва дохилӣ бунёд, таъмиру  тармим шуда истодаанд.
Ярмаркаи макзкур бори сеюм аст, ки доир карда мешавад ва он аллакай  мавқеи байналмилалиро касб кардааст. Дар ярмарка намояндагони 5 минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистону Қирғизистон -«Бишкек», «Норин», «Данғара», «Панҷ» ва «Суғд» ширкат доранд.
Давоми солҳои баргузории ярмаркаи савдову саноатӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Агар  солҳои пеш 70-100 нафар намояндагони  хориҷӣ ширкат карда бошанд,  имрўз дар ярмаркаи  савдову саноатӣ бештар аз 260  нафар меҳмонон аз  Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, давлати Полша, Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз тамоми манотиқи Тоҷикистон  иштирок доранд.   Имконоти содиротии  вилоят сол аз сол афзун мегардад. Танҳо аз аввали соли равон ба мамолики хориҷа  56 ҳазор тонна  пиёз, 3 ҳазор тонна меваи тару тоза, пеш аз ҳама зардолу,453 тонна сабзавот ва 15 ҳазор тонна хушкмева  содир карда шуд. Дар ҳамин давра ба манотиқи мухталифи Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон бештар аз 70 тонна маҳсулоти полезӣ  содир гардид. Бо мақсади афзун гардондани хосил ва рушди содирот  майдони кишти полезиҳо аз 2000 гектари соли гузашта имсол ба 2600 гектар расонда шуд. Феълан баҳри рушди  содироти маҳсулоти кишоварзӣ  фаъолияти марказҳои логистикӣ  равнақ меёбанд.  Дар қаламрави вилоят баҳри  ба минтақаи аграрию саноатӣ табдил додани он корҳо  идома доранд. Дар назди КМ «Зарафшон» фабрикаи дуюми аффинаҷӣ ба фаъолият шурўъ кард, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иқтидори истеҳсолии зиёда аз  1 млн тонна семент дар як сол корхонаи бузург  ба кор дароварда шуд. Танҳо давоми ду соли охир дар қаламрави вилоят  бештар аз 170 корхонаи хурду калони саноатӣ таъсис гардид. Новобаста ба  паст гаштани нархҳо дар  бозорҳои ҷаҳон соли 2015-ум нақшаи содирот дар вилоят ба 104 фоиз расонда шуд.

Июнь 18, 2016 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад