Дар Кӯлоб корхонаи «Ориён Рустам» фаъол гардид

Июнь 16, 2016 16:58

Кӯлоб, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Таъсири буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба он боис гардид, ки дар шаҳри Кӯлоб як қатор корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият бозмонданд ё иқтидори истеҳсолии хешро коҳиш доданд. Вале баъзе соҳибкорон тавонистанд бо ворид намудани технологияҳои нав дар бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хеш устувор монанд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориён-Рустам» аз шумули чунин корхонаҳоест, ки маҳсулоташ харидорони худро дорад. ҶДММ «Ориён-Рустам» дар заминаи собиқ корхонаи гӯшти шаҳри Кӯлоб фаъол гардида, айни замон намудҳои гуногуни маҳсулоти хӯрокворӣ истеҳсол менамояд. Дар корхонаи мазкур ба сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ зоҳир карда мешавад, аз ин рӯ ашёи хоми истеҳсолиро аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дастрас менамоянд. Ҳоло дар корхона вобаста ба талабот се коргоҳ фаъолият дорад.
Ба қавли роҳбари ҶДММ «Ориён-Рустам» Амриддин Рустамов,  дар сехи ҳасиббарорӣ мутахассисони соҳа ба кор ҷалб гардидаанд, ки ҳамарӯза миқдори муайяни маҳсулот вобаста ба фармоиши соҳибкорон истеҳсол мешавад.
Дар истеҳсоли ҳасиб технология пурра риоя ва ҳар як навъи маҳсулот дар ҳарорату вақти муайян омода мегардад.

Июнь 16, 2016 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст