Гиромидошти хотираи «патриот»-и футболи тоҷик Геннадий Черевченко

Июнь 2, 2016 10:42

Душанбе, 02.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи футбол миёни кӯдакон барои гиромидошти хотираи собиқ футболбози маъруф ва капитани дастаи «Помир»-и Душанбе, Устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Черевченко Геннадий Иванович баргузор гардид. Чорабинии мазкур соли сеюм аст, ки дар Тоҷикистон баргузор карда мешавад.
Дар маросими ифтитоҳи он писари Геннадий Черевченко- Игор Черевченко, ки феълан сармураббии бошишгоҳи футболи «Локомотив»-и Маскав мебошад, иштирок ва суханронӣ намуд. Инчунин намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва собиқ ҳамдастагону дӯстони Геннадий Черевченко дар бораи фаъолияти касбии собиқ капитани дастаи маъруфи «Помир» Геннадий Черевченко ба наврасони иштирокчӣ маълумот доданд.
«Ман ба футболи тоҷик таваҷҷуҳи зиёд дорам, дар ҳоле, ки дар Русия кору зиндагӣ дорам. Футболи тоҷик рӯ ба рушд дорад. Ҳар боре, ки ба Тоҷикистон меоям, бачаҳои болаёқатро зиёд мушоҳида мекунам, яъне футболи Тоҷикистон ояндаи дурахшон дорад. Ман миннатдорам за ФФТ, ки чунин як мусобиқаро ба ифтихори падари ман таъсис додааст ва мо нақша дорем, ки дар оянда ин мусобиқаро дар сатҳи байналмилалӣ баргузор намоем»,-иброз дошт  Игор Черевченко дар суҳбат бо хабарнигорон.
Ёдовар мешавем, ки Геннадий Черевченко дар 18 мавсими футбол шарафи клуби «Помир»-ро ҳимоя намуда, дар ҳайати ин даста 563 бозӣ анҷом додааст ва барои аксар футболбозони ҷавони тоҷик намунаи ибрату омӯзиш аст. Дар мусобиқаи футбол миёни кӯдакон барои гиромидошти хотираи Геннадий Черевченко 8 даста аз шаҳру навоҳии кишвар ба ду зергурӯҳ тақсим шуда, барои баромадан ба зинаҳои баъдӣ талош мекунанд.
Ҳадафи баргузории ин мусобиқа муаррифӣ намудани футболбозони маъруфи кишвар миёни насли наврас мебошад.
Соли гузашта Ҷоми мусобиқаи Геннадий Черевченкоро дастаи  футболи «Авиатор» соҳиб гардида буд.

Июнь 2, 2016 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд