Идоракунии кормандон дар шароити муосир
Душанбе, 13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва бозомӯзии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои кормандони низоми бонкии ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Идоракунии кормандон дар шароити муосир» се тренинги омӯзишӣ баргузор намуд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти БМТ хабар доданд, дар доираи тренингҳои мазкур, ки барои роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва мутахассисони низоми бонкии кишвар анҷом ёфт, масъалаҳои «Стратегияи кор бо кадрҳо», «Ҷустуҷӯ ва интихоби кадрҳои нав», «Ҷобаҷокунии кадрҳо», «Баҳодиҳии кадрҳо», «Идоракунии кадрҳо ва муносибат бо кормандон», «Таъсири кадрҳо дар рушди корхона» мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта, иштирокдорони семинар аз намунаҳои беҳтарини таҷрибаҳои худ вобаста ба муносибат, идоракунӣ ва ҳавасмандгардонии кормандон ба якдигар табодули назар намуданд.
Қобили зикр аст, ки иштирокдорони тренинг дар баробари шинос шудан бо шаклҳои идоракунии ҳамкорони худ, инчунин бо таҷрибаҳои муосири кор дар Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Федеролии Олмон ошно шуданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






