Имрӯз Бозиҳои ниҳоии Чемпионати Аврупо-2016 оғоз меёбанд!

Июнь 10, 2016 11:42

Душанбе, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар варзишгоҳи «Стад-де -Франс»-и Фаронса бо бозии байни дастаҳои мунтахаби Руминия ва соҳибони майдон-Фаронса Бозиҳои ниҳоии Чемпионати Аврупо-2016 оғоз меёбанд. Варзишгоҳ ҳанӯз соли 1998 дар шаҳраки Сен Дении Париж  барои гузаронидани бозиҳои Ҷоми ҷаҳон-1998 ба истифода дода,  аввалин  бозии байни дастаҳои мунтахаби Бразилия ва Шотландияро дар расми ифтитоҳи бозиҳои Ҷоми ҷаҳон истиқбол карда буд. Дар ин варзишгоҳ тими мунтахаби Фаронса аввалин маротиба унвони Чемпиони ҷаҳонро ба худ ихтисос дод ва дар вохӯрии ниҳоӣ дастаи мунтахаби  Бразилияро бо натиҷаи 3:0 шикаст дод. Дар ҳамин варзишгоҳ соли 2010 вохӯрии ниҳоии Лигаи чемпинҳои Аврупо бо ширкати «Реал»-и Мадрид ва «Валенсия» барпо шудааст.

Ин варзишгоҳ бо ғунҷоиши 81 000 тамошобин шоҳиди бозиҳои ҷолиби зиёде гардидааст ва вохӯрии ниҳоии Чемпионати Аврупо-2016 низ дар ҳамин ҷо ҷараён хоҳад гирифт. Дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати Аврупо-2016 бори аввал 24 даста дар шаш гурӯҳ ширкат меварзанд ва он ба таври зайл шакл гирифтааст:

 

 
 Гурӯҳи А  Гурӯҳи В   Гурӯҳи С
  ФРАНСИЯ   АНГЛИЯ   ОЛМОН
  РУМИНИЯ   РОССИЯ   УКРАИНА
  АЛБАНИЯ   УЭЛС   ЛАҲИСТОН
  ШВЕЙТСАРИЯ   СЛОВАКИЯ   ИРЛАНДИЯИ ШИМОЛӢ
 
  Гурӯҳи D   Гурӯҳи E   Гурӯҳи  F
  ИСПАНИЯ   БЕЛГИЯ   ПОРТУГАЛИЯ
  ЧЕХИЯ   ИТАЛИЯ   ИСЛАНДИЯ
  ТУРКИЯ   ИРЛАНДИЯ   АВСТРИЯ
  ХОРВАТИЯ   ШВЕДСИЯ   МАҶОРИСТОН

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаӣ муборизаро барои Ҷом идома медиҳанд.

Июнь 10, 2016 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд