Ҷинояте, ки боиси фоҷиаи чанд хонавода гардид

Июнь 13, 2016 16:38

Душанбе, 13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Боиси таассуф аст, ки бархе аз ҷавонон ба ҷойи илм омӯхтан, соҳиби касбу ҳунар гаштан, мавқеи худро дар зиндагӣ пайдо намудан  ва  хизмати    ҷомеаро  ба ҷо овардан, ба  майхорагиву авбошӣ ва дигар  амалҳои номатлуб даст зада,  ҳаёту саломатии атрофиёнро зери хатар гузошта, худро  аз беҳтарин неъмати зиндагӣ  озодӣ  маҳрум сохта, умри ҷавонашонро  дар маҳбас барбод медиҳанд.
Изатов Ислом Абдулҳакимович   нафарест,    ки дар ҳолати мастӣ даст ба ҷинояти сангин  куштор  зада, як занро аз ҳаёт ва фарзандони ӯро аз меҳри модарӣ маҳрум сохта,  боиси бадбахтиву фоҷиаи чанд хонадон  гардидааст.
Суди шаҳри Душанбе  муайян намуд, ки Изатов Ислом Абдулҳакимович,  соли таваллудаш 1992,  истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Намангон, хонаи 53    17.09.2015 сол соатҳои 00:30  бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани ду ё бештар аз он шахс, дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматии шаҳрванд Ҳикоят Кенҷаева, ки дар ҳамсоягиашон зиндагӣ мекардааст,  рафта, аз ҳиссиёти авбошӣ ғайриқонунӣ ба ҳуҷраи хоби ӯ ворид гардида, бо бераҳмии махсус, қасдан бо корд  шаҳрванд Ҳикоят Кенҷаеваро  зада,  ба қатл мерасонад.
Номбурда баъди ба қатл расонидани Ҳикоят Кенҷаева бо мақсади суиқасди куштор ба фарзанди ӯ — ноболиғ Қарчиев Сироҷиддин Саймуддинович ҳамла карда,  бо корд  4 маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими ӯ мезанад. Инро дида,  духтараш-ноболиғ Мадина Қарчиева  доду фиғон мебардорад. Қотил ба ӯ низ  ҳамла мекунад.
Ноболиғ Мадина Қарчиева ба зарбаҳои ҷинояткор тоқат накарда, доду мағал бардошта, ба саҳни ҳавлӣ мегурезад. И. Изатов бо мақсади ошкор нашудани ҷиноятҳои содиркардааш ноболиғ Қарчиева Мадинаро пайгирӣ намуда, дар саҳни ҳавлӣ бо дастонаш ӯро буғӣ мекунад, ки ин лаҳза ҳамсоя Хуршед Шарипов доду мағалро шунида, садо баланд мекунад. Қотил  аз тарси ошкор шуданани кирдорҳои  худ  аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
Баъди содир кардани ҷинояти мазкур дар шими  И. Изатов пай ва осори ҷиноят, яъне хуни Ҳикоят Кенҷаева боқӣ монда буд, ки номбурда ин либосҳояшро дар манзили истиқоматиашон иваз мекунад.
Келинашон — Шарипова Алифмо Муҳсиновна  ҳолати даст ба ҷинояти махсусан вазнин задани  додари шавҳараш — И. Изатовро  фаҳмида, қасдан бо мақсади ғараз ва манфиатҳои шахсӣ шими   номбурдаро, ки дар онҳо пай ва осори ҷиноят мавҷуд буд, аз ҳуҷраи хобаш гирифта, оид ба  ин ҳолат ба мақомоти давлатӣ хабар надода, онҳоро дар хоҷатхона партофта, бо ин роҳ ба манфиатҳои давлатӣ доир ба адолати судӣ зарар расонидааст.
Судшаванда Изатов Ислом Абдулҳакимович худро бо айбҳои эълоннамуда пурра гунаҳгор шуморида,  нишондод дод, ки дар манзили истиқоматиашон бо ҳамроҳии модараш Лутфия Изатова, апааш Зулфия Ватанова ва келинашон Алифмо Шарипова  ва фарзандони ӯ зиндагонӣ мекардааст. Бародараш Қосим Ватанов дар Федератсияи Русия қарор дошта, падараш Абдулҳаким Ватанов вафот кардааст.
Ҳангоми содир намудани ҷиноят модараш Лутфия Изатова аз сабаби бемор будани  апааш — Зулфия Ватанова дар беморхонаи Қарияи боло бистарӣ будааст.
Номбурда рӯзи 17 сентябри соли 2015 аз кор баргашта, то соатҳои 20:00  дар манзили истиқоматиашон нишаста, баъдан баромада бо мақсади нӯшидани  пиво ба бозорчаи назди Роҳи оҳан рафтааст. Дар бозорчаи мазкур дар нуқтаи фурӯши машруботи спиртӣ 6-7 бакал  пиво ва  50 грамм арақ нӯшида, тахминан соатҳои 22:00  аз бозорчаи мазкур баромада, ба тарафи манзили истиқоматиашон равон шудааст. Дар роҳ шиносҳояш — Саидумар ва Муҳаммадро дида, аз онҳо маводи нашъадор пурсидааст. Дар ҷавоб  Саидумар  аз ҷайбаш як тамокуро, ки бо чарс пур карда шуда будааст, бароварда, ба охирин додааст. Номбурда аз он 2 дуд гирифта, мадҳуш гардида, ба тарафи манзили истиқоматиашон рафтааст.  Ҳангоми ба ҳавлиашон даромадан келинашон Алифмо Шарипова ва кӯдаконаш хоб будаанд. Охирин ба ошхона даромада, аз ҷевони ошхона  корди хоҷагиро гирифта, ба берун баромада, ба сари кӯча рафтааст. Тахминан соатҳои 23:30 ба тарафи манзили истиқоматиашон омада, дар роҳ ба сараш мақсади куштори ҳамсояашон Ҳикоят Кенҷаева омадааст,  зеро номбурда  бо оилаи онҳо бо баҳонаи аз шифери хонаи онҳо рехтани об ба хонааш, нодуруст рехтани таҳкурсии хона ва ғайраҳо бо модараш муноқиша мекардааст. Ҳамчунин апааш бо ҷабрдида  келини як оила будаанд ва апааш мегуфтааст, ки Ҳикоят Кенҷаева сабаби хонавайрон шудани онҳо гаштааст. Номбурда ин ҳолатҳоро ба хотир оварда, ба худ мақсади куштори Кенҷаева Ҳикоятро кардааст.
Бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе бо дастрасии моддаи 67 қисмҳои 1,3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои  маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо ба Изатов Ислом Абдулҳакимович ҷазои ниҳоии маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 25  сол, бо адо намудани ҷазо дар муасисаи ислоҳии дорои низоми сахт таъйин  ва ба Шарипова Алифмо Муҳсиновна бо моддаи 347 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2  сол бо адо намудани ҷазо дар муассисаи  ислоҳии дорои низоми  умумӣ таъйин  гардидаанд.
Мақсад аз тафсилоти ин  воқеа ҳушдор додани наврасону ҷавонон ва аҳли ҷомеа бобати пешгирӣ аз ҷинояткорӣ, бахусус истифода аз маводи мухаддир мебошад, ки оқибатҳои фоҷиабор доранд.

Июнь 13, 2016 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд