Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар кори Ассамблеяи генералии Кумитаи доимӣ оид ба ҳамкории илмию техникии СҲИ

Июнь 3, 2016 12:08

Душанбе, 03.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи 30 май ва 1-уми июни соли равон дар шаҳри Исломобод таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн 15-умин Ассамблеяи генералии Кумитаи доимӣ оид ба ҳамкории илмию техникии Созмони ҳамкории исломӣ (COMSTECH) баргузор гардид, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кори он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид роҳбарӣ намуд.
Нуриддин Саид дар Ассамблеяи генералии мазкур изҳор намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди маориф ва илм диққати махсус дода, ба ин самтҳо  20 фоизи буҷети давлатӣ равона карда мешавад.
Вазир инчунин дар самъи иштироккунандагон оид ба муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ»  «Дар бораи паркҳои технологӣ» маълумот дода, оид ба дастовардҳои илмии олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Академияи тиббӣ, Академияи таҳсилот ва даҳҳо пажўҳишгоҳҳои илмӣ-соҳавӣ сухан гуфт.
Хамчунин роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар бораи саҳми фарзандони барўманди миллати тамаддунофари тоҷик, ба мисли Абўалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб, Абўбакри Розӣ дар риштаи кимиё, Муҳаммад Хоразмӣ дар илми риёзӣ, Абўрайҳони Берунӣ дар самти нуҷум нақл намуд, ки онҳо дар хазинаи тиллоии илми инсоният хидматҳои бузург намудаанд.
Дар натиҷаи кори Ассамблеяи мазкур аъзои нави сохторҳои кории Ассамблеяи генералии Кумитаи доимӣ оид ба ҳамкории илмию техникии Созмони ҳамкории исломӣ (COMSTECH) интихоб гардида, санади хотимавии он қабул гардид, ки он дурнамо ва нақшаҳои ҳамкории илмию-техникии давлатҳои аъзоро дар ояндаи наздик пешбинӣ мекунад.

Июнь 3, 2016 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид