Кодекси меҳнат дар таҳрири нав қабул мегардад
Душанбе, 13.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки вакилони Парлумони Тоҷикистон ояндаи наздик Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав қабул намоянд. Дар ин росто лоиҳаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 июн дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.
Дар ҷаласа ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ», «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ», «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси гумрук, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муҳокима гардиданд.
Дар анҷом бархе аз масъалаҳо барои баррасӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва қисми дигараш барои муҳокима ва қабул ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми палатаи поёнии Парлумони мамлакат пешниҳод шуданд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






