Конфронс: «Дурнамои макроиқтисодӣ ва ҷойгиркунии оқилонаи қувваҳои истеҳсолкунанда»
Душанбе, 13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Дурнамои макроиқтисодӣ ва ҷойгиркунии оқилонаи қувваҳои истеҳсолкунанда» -таҳти чунин унвон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Конфронс дар панҷ бахш идома ёфта, беш аз 100 маърӯзаи илмӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Ш. Бурҳонзода дар мавзӯи «Дастовардҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият» маърӯзаи илмӣ намуда, аз бурду бохти иқтисоди кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ маълумот дод.
Ҷонишини ректори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ оид ба илм ва инноватсия Т. Р. Ризоқулов дар маърӯзаи хеш тафсири макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ, баҳодиҳии умумӣ ва равияҳои афзалиятноки рушди иқтисоди мамлакат, роҳҳои ҳалли мушкилиҳо ва таъмини дурнамои макроиқтисодии онро мавриди баҳс қарор дод.
Доктори илми иқтисод, профессори Донишкадаи савдо ва иқтисоди Донишгоҳи федералии Сибири Федератсияи Русия Аида Талятовна Петрова дар мавзӯи «Тавсифи муқоисавии муаммоҳои рушди инноватсионии минтақаҳои Русия ва Тоҷикистон» маърӯза намуда, оид ба муаммоҳои рушди инноватсионии манотиқи ду кишвар таҳлили муқоисавӣ карда, роҳҳои ҳалли ин муаммоҳоро пешниҳод кард.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






