Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сокинонро аз пайомадҳои хатари гармо ва ғарқшавӣ дар кӯлу дарёҳо ҳушдор медиҳад

Июнь 8, 2016 10:39

Душанбе, 08.06.16. /АМИТ «Ховар»/.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои аҳолӣ мерасонад, ки бо сабаби гарм шудани ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии кишвар аз 9 то 12 июн  эҳтимоли об шудани захираи барфу пиряхҳо, ки сабаби рӯй додани обхезиву сел дар ноҳияҳои кӯҳӣ мешаванд, ҷой дорад.
Бинобар ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон  сокинонро аз пайомадҳои хатари гармо ва ғарқшавӣ дар кӯлу дарёҳо  ҳушдор дода, маслиҳат медиҳад, ки  дар рӯзҳои гарм, бахусус дар соатҳои аз 11 то 17-и рӯз аз эҳтиёт кор бигиранд ва аз сафар кардан тавассути  минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар давоми чанд рӯзи наздик аз гарм шудани ҳаво дар қаламрави кишвар хабар медиҳад. Баландтарин ҳарорати гармӣ дар ин рӯзҳо дар ҷануби Тоҷикистон- қаламрави вилояти Хатлон ба мушоҳида мерасад,  ки дар он ҷо ҳарорати ҳаво то ба 44 дараҷа хоҳад расид.
Имрӯз, 8 июн дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 21-26, рӯзона 38-43 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳаво шабона 18-23, рӯзона 35-40 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.
Дар Душанбе  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар дошта шуда, ҳаво шабона 15-17, рӯзона 37- 39 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳаво  шабона 14-19 дараҷа, рӯзона 35-40 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15, рӯзона 27-32;  дар шарқи ин вилоят шабона  2-7, рӯзона 16-21 дараҷа гармиро ташкил хоҳад дод.

Июнь 8, 2016 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад