МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» фаъолияти худро тақвият мебахшад
Душанбе, 03.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баррасии масъалаҳои вобаста ба танзими раванди муҳоҷират, таъмини муҳоҷирати бехатар ва бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа, ҳамчунин тарбияи мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ бо пешниҳоди МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд дар Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд машварати корӣ доир гардид.
Ёдовар мешавем, ки муассисаи давлатии мазкур дар маркази вилояти Суғд соли равон фаъол гардид.
Тавре ки аз Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти худро дар ҳамкории зич бо раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо ва субъектҳои хоҷагидор ба роҳ мондааст.
Дар машварати кории доиршуда сарвари муассиса Зоҳидҷон Қурбонов барои беҳбудии кор пешниҳодҳои мушаххас кард.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






