Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо хонум Ҷиҳан Султоноғлу

Июнь 13, 2016 16:28

Душанбе, 13.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини роҳбари Барномаи рушди СММ, Директори минтақавии Барномаи рушди СММ   барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ хонум Ҷиҳан Султоноғлу мулоқот кард.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин барномаи муътабари СММ дар ҳоли ҳозир ва барои солҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре таъкид гардид, ҳамкории дуҷониба дар асоси барномаю стратегияҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоӣ дар сатҳу зинаҳои зарурӣ ба роҳ монда шуда, ҷавобгӯйи манфиатҳои дуҷониба мебошанд.
Хонум Ҷиҳан Султоноғлу аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи ҳукумат ва раиси он, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши муносибатҳои тарафайн изҳори сипосу қаноатмандӣ намуда, барои тақвияти ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳои афзалиятнок омодагию ҳавасмандӣ зоҳир кард.

Июнь 13, 2016 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид