Навбатдории шабона дар масҷидҳо амали маъмулист, ки дар арафаи идҳо ба роҳ монда мешавад
Душанбе, 29.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили Иди саиди Фитр дар масҷидҳои ҷомеи кишвар мисли солҳои қаблӣ гурӯҳҳои навбатдори шабона, ки аз ҳисоби кормандони масҷидҳо созмон дода шудаанд, фаъолият мекунанд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои уламои кишвар, ки имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ доир гардид, баррасӣ шуд. Ин тадбир ба мисли солҳои пешин бо мақсади таъмини омодагии масҷидҳо барои адои намози Иди Фитр ва ҳамзамон амнияти намозгузорон андешида мешавад.
Инчунин дар тамоми масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи кишвар камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд, ки онҳо ҳаракат ва гашту гузори атрофиёнро дар кӯча ва намозгузоронро дар дохили масҷидҳо назора менамоянд.
Ҳоҷинеъматулоҳ Олимов, котиби масъули Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҷаласа ҳамзамон расонидани кумак ба ниёзмандону маъюбон, ҷилавгирӣ аз исрофкорӣ дар мавриди оростани хони идона ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуда, раиси Шӯрои уламои кишвар аз имомхатибони масҷидҳои ҷомеи кишвар даъват намуд, ки дар намози ҷумъа зимни мавъизаҳои худ ба мардум масъалаҳои матраҳгардидаро тавзеҳ диҳанд.
Бояд гуфт, ки соли равон дар Тоҷикистон Иди саиди Фитр чоршанбе, 6 июл таҷлил карда мешавад.
Намози иди Фитр дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар соати 6:30 оғоз меёбад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






