«Нелегал-2016» ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ошкор намуд
Душанбе, 03.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 31 май дар вилояти Суғд марҳилаи аввали амалиёти муштараки махсуси «Нелегал-2016» гузаронида шуд.
Мақсади амалиёт аз ошкорсозии роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ташкилотчиёни он, мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон, пурзӯр намудани муқовимат бар зидди будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ҳамзамон ғайриқонунӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани онҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ иборат буд. Дар амалиёт гурӯҳҳои санҷишии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ иштирок намуданд.
Тӯли ин муддат кормандони раёсат 21 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Мардумии Чин- 11 адад, Ҷумҳуриҳои Молдова — 2 адад, Узбекистон — 2 адад, Беларус — 3 адад, Украина — 2 адад ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон — 1 адад ошкор намуданд.
Ба таври мушаххас аз ҷониби кормандони раёсати вилоятӣ 5 адад, шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон 4 адад, Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд 3 адад ва шаҳри Гулистон 9 адад ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор карда шуд.
Нисбат ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ додаанд, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд






