24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябри соли равон аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 сол сипарӣ шуд. Парчами давлатӣ барои ҳар миллати соҳибтамаддун рамзи истиқлоли давлатӣ, ифтихори ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва озодихоҳӣ мебошад. Барафрохтани парчами давлатӣ дар тамоми давру замонҳо бо эҳсоси худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба ҳувияти миллӣ робитаи мустақим дорад.
Баробари эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати тағйир ва қабули рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам ба миён гузошта шуд. 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Бояд гуфт, ки нахустин Парчами давлатӣ, ки дар ин иҷлосия муаррифӣ, қабул ва тасдиқ гардид, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун осори нодири таърихӣ мавриди ҳифз ва муаррифии шоиста қарор дорад.
Бояд гуфт, ки матои Парчами нахустин бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ дар таҷлили 15–солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд. Он соли 2007 бо дастури Сарвари давлат ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон эҳдо гардид.
Ҳоло парчам дар экспозитсияи толори даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гӯшаи Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ҳамчун нигораи нодири таърихӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад. Дар атрофи парчам аксҳо аз ҷараёни иҷлосия пешниҳод шудаанд, ки бо дидани онҳо мо аз ҷараёни иҷлосия беҳтар огоҳ мешавем.
Парчами нахустин матои росткунҷа буда, дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷой гирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Дарозии умумии парчами нахустин 145 сантиметр ва баландии он 85 сантиметрро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон дар экспозитсияи Осорхонаи миллӣ нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба кайҳон бароварда шудааст, ҳамчун нигораи нодири таърихӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад. Соли 2004 кайҳоннавард Солиҷон Шарипов Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо худ ба Стансияи байналхалқии кайҳонӣ бурда буд. Парчам муддати 193 рӯз дар кайҳон қарор дошт. Парчам 24 ноябри соли 2022 аз ҷониби Солиҷон Шарипов ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид.
Инчунин нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби олими тоҷик, иқлимшинос, профессор Абдулҳамид Қаюмов 6 январи соли 2009 дар қитъаи шашуми ҷаҳон – Антарктида расман барафрохта шуда буд, соли 2023 барои ҳифз ва муаррифӣ ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид.
Парчам яке аз рамзҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддас ва давлати соҳибистиқлол таҷлил менамоянд. Парчами давлатӣ муаррифи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад.
Дар фарҳанги давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле қадим ва рангин дошта, дар осори хаттӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, ба хусус деворнигораҳои мухталиф, сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва достону қиссаҳои мардумӣ инъикос ёфтааст.
Хусусан даврони муосир дар таърихи парчамдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи нав ба ҳисоб рафта, барои шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ заминаи устувор фароҳам овард.
Дар ҳама давру замон парчам ҳамчун рамзи муҳими давлатӣ дар мутаҳидсозии мардумон хизмат намудааст. Имрӯз ҳам парчам барои мо нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ маҳсуб мешавад.
Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ 24 ноябри соли 2025 иброз доштанд, «Парчами давлатӣ моро ҳамеша ба созандагиву ободкорӣ, заҳматдӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол раҳнамоӣ мекунад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар яки мо эҳтироми парчами давлатиро ба фарзандони худ ҳамчун нишони муқаддаси Ватан, рамзи соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ талқин созем, зеро муҳаббату садоқат ба он таҷассумгари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва арзишҳои миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад».
Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаҳои дунё муаррифи давлати озоду ҳуқуқбунёди мо мебошад. Он чун нишони давлати соҳибистиқлол дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, олимпиадаҳо ва дигар мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мегардад.
Ҳаким Фирдавсии бузург умеду орзу ва ормонҳои мардумро тавассути рангҳои парчам таҷассум карда, ба ин васила ҳамватанону ҳамзамонони худро барои ҳифзи сулҳу субот, марзу бум ва таъриху фарҳанги худ ҳидоят намудааст.
Имрӯз ин суннати деринаи миллӣ дар ҷилои рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол идомаи шоистаи худро дарёфтааст.
АКС: АМИТ «Ховар» / Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд






