Пӯшидани либоси рахдор дар бозии футбол манъ аст
Душанбе, 03.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.Премйер-лигаи Англия истифодаи либоси аз тахтапушт рахдорро, ки ному насаб ва рақами бозингар дар он навишта шудааст, ҳангоми бозиҳои Премйер-лига манъ кард.
Тавре нашрияи «Footyheadlines» хабар медиҳад, тибқи қоидаи Иттиҳоди футболи Аврупо пӯшидани чунин либосҳои рахдор дар мусобиқот манъ шуда буд ва акнун он дар Премйер-лигаи Англия низ ҷорӣ мешавад. Сабаби асосии ба ин масъала рӯй овардани дастандаркорони Премйер- лига аз он хотир аст, ки доварон ва мухлисон тавонанд аз масофаи дур футболбозонро муайян кунанд, ки ӯ кист. Ин барои шореҳони варзиш низ муфид аст.
Ба ҳамин тартиб, аз рӯи қоидаи нав як қатор клубҳои футболи Англия, аз ҷумла «Сандерленд», «Саутгемптон», «Халл Сити», «Борнмут» ва «Вест Бромвич» маҷбуранд, ки либосҳои худро ба қоидаи нав мутобиқ гардонанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






