Пагоҳ дар ҷумҳурӣ ҳавои гарми бебориш боқӣ хоҳад монд
Душанбе, 13.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи пешгӯии ҳавошиносон то 15 июн дар ҷумҳурӣ ҳавои гарми бебориш боқӣ хоҳад монд.
Бинобар иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон то 15 июн дар тамоми ноҳияҳои водии Тоҷикистон ҳавои соф пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии минтақаи шимолӣ эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Пагоҳ, 14 июн дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 23-28, рӯзона 39-44 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳавои бебориш дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии алоҳида боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Ҳаво шабона 21-26 ва рӯзона 37-42 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, ҳаво шабона 17-19, рӯзона 39- 41 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳаво шабона 17-22 дараҷа, рӯзона 36-41 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15, рӯзона 26-31; дар шарқи ин вилоят шабона 3-8, рӯзона 13-17 дараҷа гармиро ташкил хоҳад дод.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






