Пайғом аз Боми Ҷаҳон

Июнь 23, 2016 12:15

Душанбе, 23.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо даҳҳо нафар устодони санъат, ҳунармандони номвар ва санъаткорои варзидаи тоҷик аз тамоми гӯшаю канори кишварамон  дар ВМКБ қарор доранд. Онҳо бо мардум, бо ҳаводорони худ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқоту сӯҳбатҳои самимӣ доир намуда, барномаҳои ҷолиби консертӣ нишон медиҳанд ва 27 июн дар тантанаҳои асосии ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдатьи миллӣ, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор мегарданд, иштирок менамоянд.
Директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ аз шаҳри Хоруғ ба АМИТ «Ховар» чунин пайғом фиристондааст:

«Салом, ҳамватанони азиз! Рӯзи ҷашну шодӣ ба ҳамаатон муборак бошад!

Худоро шукр, ки Тоҷикистони азизи мо ба ин рўзҳои таърихӣ ва шодию нишот  расид.

Аз он сафар то ин сафари Пешвои миллат ба Бадахшон ин гӯшаи диёри мо боз ҳам ободтару дилписандтар гаштааст. Сохтмонҳо, нақбҳо, роҳҳо, биноҳои боҳашамат, чойхонаи миллӣ, «Гармчашма»-ву ободиҳои дигар ноҳияҳои вилоят,   тантанаи сулҳу ваҳдати тоҷикон касро ба ваҷд ва ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол меорад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол- ин  на танҳо Бадахшон, Хатлон,  Суғд, Рашту Ҳисор аст, ин  роҳҳову пулҳои нав, неругоҳҳои нави барқӣ, биноҳои нави замонавӣ,  сафоратхонаҳои кишварамон дар соири кишварҳои дунё, таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар давлатҳои мухталифи ҷаҳон, таълиму   тарбияи ҷавонону наврасон дар гимназияву мактабҳои нави Президентии кишвар, бунёди мактабҳову бемористонҳои замонавӣ, ҷорӣ шудани технологияи ҷадид дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ,  қадамҳои устувор ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ, таъмини  амнияти озуқаворӣ ва умуман амнияти давлат ва мардуми Тоҷикистон низ ҳаст.  

Ва рамзи асосии Тоҷикистони соҳибистиқлол ин Сарвари дурандеш, марди пуртамкин, дилсоф,  сиёсатмадори сатҳи олии ҷаҳонӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, ки воқеан ифтихори мо, мардуми Тоҷикистон  мебошанд.

Мо имрӯзҳо шоҳиди онем, ки сокинони Бадахшон  чи қадар муштоқи дидор бо Ҷаноби Олӣ ҳастанд ва ба ин мулоқот бо тамоми ихлосу муҳаббат омодогӣ мебинанд.

Аз номи тамоми гурӯҳҳои эҷодӣ мехоҳам бигӯям: Тоҷикистони азизи мо ҳамеша ҷовидон ва гулгулшукуфон бошад.  

Ва беихтиёр ин мисраҳоро мехоҳам замзама намоям:

ТАМАННО

Ба дунё тинҷӣ мехоҳам,
Ба мардум сарбаландиҳо.
Ба модар қиблаи уммед,
Ба ошиқ сабри беҳамто.

Саводе бесаводонро,
Навое бенавоёнро.
Занонро шарми мардона,
Ва имон марди шайтонро.

Заминро файзу эҳсоне,
Кушоишро ба деҳқонон.
Ба ташна оби дарёро,
Ба гушна порае аз  нон.

Ба тоҷик бахти фардоро,
Ба миллат ганҷи дороро.
Худовандо, дуруд аз мо
Самарқанду Бухороро!

Муҳаббат бар Ватан-модар,
Садоқат бар ҳамин кишвар.
Дили пурмеҳри инсонӣ,
Барои халқи ин кишвар.

Сарояд Ҳоҷӣ Афзалшоҳ,
Суруди миллати хушфар.

 

Июнь 23, 2016 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад