Пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар Душанбе
Душанбе, 13.06.2016 /АМИТ Ховар/. 12 июни соли равон зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир карда шуд.
Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 1 килою 795 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш, 1,5 грамм афюн ва 8 грамм морфин дарёфт ва мусодира гардид.
Нисбат ба дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот давом дорад.








Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд






