Раиси вилояти Суғд аз ҷой доштани ҳолати коррупсионӣ дар фаъолияти комиссияҳои тиббӣ изҳори нигаронӣ намуд

Июнь 29, 2016 10:43

Душанбе, 29.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар машварати кории назди раиси вилояти Суғд вобаста ба натиҷаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ки  28 июн баргузор гардид, раиси вилоят аз ҷой доштани ҳолати коррупсионӣ дар фаъолияти комиссияҳои тиббӣ изҳори нагаронӣ намуда, решакансозии ин падидаи номатлубро вазифаи аввалиндараҷа арзёбӣ намуд.
Бино ба иттилои Прокурори вилоят аз шумораи умумии даъватшавандагон 87 нафар ҷавонон бинобар носолим будан аз комиссияи тиббии вилоятӣ баргардонида шудаанд. Доир ба ин масъала сарвари вилоят аз масъулин пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати чораҷӯӣ нисбат ба сартабиби комиссияи даъватии шаҳру ноҳияҳое, ки ба чунин камбудии ҷиддӣ роҳ додаанд, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар ин маъракаи даъват вилояти Суғд тавонист пеш аз муҳлат ва бо сифати баланд ба таъмини нақша дастёб гардад. Аммо  тавре аз таҳлилҳои муовини якуми раиси вилоят ва раиси  комиссияи даъвати вилоятӣ бармеояд, дар фаъолияти комиссияҳои даъватии Конибодом, Истаравшан, Б.Ғафуров, Хуҷанд, Деваштич ва Исфара камбудиҳои ҷиддӣ ба назар расида, онҳо бо  душворӣ дар рӯзҳои охирини даъвати баҳорӣ аз иҷрои нақшаи худ баромаданд.  Бояд зикр кард, ки ҷамоати деҳоти шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Ҷ.Расулов, Истаравшан, Гулистон, Деваштич, Б.Ғафуров, Зафаробод, Бӯстон натавонистанд аз иҷрои нақша бароянд. Аллакай нисбат ба онҳо чораҷӯи карда шуда, бархеи онҳо аз вазифа сабукдӯш ва ба гурӯҳи дигар сарзаниш ва огоҳӣ дода шудааст.
Ба андешаи раиси комиссияи даъвати вилоятӣ, муовини якуми раиси вилоят ба душворӣ рӯбарӯ гаштани бархе аз шаҳру навоҳӣ- ин пеш аз ҳама, аз даъват то даъват набурдани чорабиниҳои гуногун, аниқ накардани шумораи воқеии даъватшавандагон ва суст будани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ба ҳисоб меравад.
Раиси вилоят аз шахсони масъули шаҳру навоҳӣ сабабу омилҳои ба чунин ҳолат  рӯ ба рӯ гаштанро пурсон гашта, барои ислоҳи камбудиҳо дар фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид карда шуд, ки бояд пеш аз ҳама, шумораи воқеии ҷавонони синни даъватӣ муайян ва бо онҳо корбарӣ карда шавад. Тавре раиси вилоят зикр дошт, дар шаҳру навоҳии алоҳидаи вилоят аз шумораи умумии даъватшавандагон фоизи ниҳоят ками ҷавонон ба хизмат ҷалб карда мешаванд, масалан Панҷакент 4 дарсад, Б.Ғафуров 6 дарсад, Истаравшан 7 дарсад, Хуҷанд 14 дарсад, Гулистон 10 дарсад, аммо бо вуҷуди ин масъулини ин минтақаҳо нақшаи даъвати хешро бо як душворӣ таъмин месозанд, ки ин аз бемасъулиятӣ ва хунукназарии онҳо гувоҳӣ медиҳад.
Дар идомаи ҷаласа роҳбари вилоят аз раисони ҷамоату шаҳраки шаҳру навоҳии алоҳидаи вилоят, ки натавонистанд нақшаи хешро таъмин созанд пурсиш ба амал оварда, бархеи онҳоро аз вазифа сабукдӯш ва ба гурӯҳи дигар огоҳӣ дод. Раиси вилоят бори дигар аз масъулин даъват ба амал овард, ки аз ҳозир корҳои омодагиро барои даъвати тирамоҳӣ оғоз бахшида, барои пеш аз муҳлат ва бо сифати баланд таъмин намудани нақша талош варзанд.

Июнь 29, 2016 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад