Рамазон-2016: Табибон хӯрдани хӯроки сабук ва қабули ҳаммоми сардро тавсия медиҳанд

Июнь 13, 2016 17:08

Душанбе, 13.06.2016 / АМИТ «Ховар» /. Имрӯзҳо дар баъзе аз қисматҳои Тоҷикистон  ҳарорати ҳаво дар ҳароратсанҷ ба +40 дараҷа мерасад. Дар рӯзҳои гарм ва хастакунанда,  пеш аз ҳама, барои мардуме, ки ба хотири моҳи шарифи Рамазон рӯза медоранд, ниҳоят мушкил аст. Хабарнигори АМИТ «Ховар» баъзе аз маслиҳатҳои табибонро ба таваҷҷуҳи шумо мерасонад.
Духтурон доштани рӯзаро ба  беморони диабети қанд ва бемориҳои дилу раг, занони ҳомила ё кӯдаки ширмакдошта  тавсия намедиҳанд. Ҳамчунин  ба мардуме, ки мушкилоти меъдаю рӯда дошта, мубталои ҳар гуна бемориҳои сироятии шадид, махсусан рӯдаҳо, ки хатари баланди камобшавии баданро  доранд, доштани рӯзаро маслиҳат намедиҳанд. Дар гармӣ рӯзадорон  набояд рӯзи дароз дар зери офтоб қарор гиранд. Барои роҳ надодан ба гармшавии зиёд либос бояд кушод  ва танҳо аз газвори табиӣ дӯхта шуда бошад.
Шумо метавонед бештар ҳаммоми  сард гиред. Табибон низ маслиҳат медиҳанд, ки истеъмоли моеъ пас аз хӯроки шом бояд баробар тақсим шавад. Нӯшидани қаҳва ва чойи қавӣ  ташнагиро меафзояд. Илова бар ин бояд аз хӯрдани таомҳои хушхӯри гуногун, ки  одатан дорои намаки аз ҳад зиёд ва иловаҳои гуногуни зарароваранд, худдорӣ намуд. Беҳтараш 15-30 дақиқа пеш аз хӯрок як ё ду истакон оби тоза  ва баъд аз хӯрок  чойи гиёҳӣ ё сабз бинӯшед.
Гуруснагӣ аксар вақт бо заъф, хастагӣ ва хоболудӣ ҳамроҳӣ мекунад. Ин ҳолат мумкин аст барои шахси рӯзадор муқаррарӣ ба шумор равад. Шояд каме чархзании сар ҳис шавад. дар ин сурат бояд каме истироҳат кард. Агар нишонаҳои «сиёҳӣ»-и пеши чашмон, сустии шадиди бадан зиёд шаванд, беҳтар аст рӯзаро шикаста, чойи ширин нӯшида, истироҳат кунед.
Агар  дарди зиёди сар (одатан ба пешонӣ мегузарад), дилбеҳузурӣ,  (аташ) ташнагии зиёд, хушкии шадиди даҳон ва гулў, дарди мушакҳо, табларза, таби баланд пайдо шуда, пӯст чин шуда,  оҳиста-оҳиста ҳамвор шавад ,чашм фурӯ нишинад,  инҳо аломатҳои камшавии об дар бадан буда, кумаки таъҷилии тиббӣ лозим аст. Албатта, дар ин ҳолат рӯзаро шикаста, фавран духтурро даъват кардан зарур аст. Тибқи маслиҳати духтурон ба қабули дору таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан лозим аст. Агар барои мисол, дору барои як бор дар як рӯз пешбинӣ шудааст, шумо метавонед онро ҳангоми хӯроки субҳ ва ифтор (шикастани хӯроки рӯза ё шом) истифода кунед, вале ҳамеша дар як вақт. Агар дору барои чор ё панҷ бор дар як рўз тавсия шуда бошад, пас набояд онро ба шаб гузошт, чун бо таъхир қабули дору ғайриимкон аст, барои табобати бомуваффақият консентратсияи якхелаи  дору дар хун дар давоми рӯз зарур аст. Дар ин сурат ҳам доштани рӯза тавсия намешавад.
Барои гузаштани рӯза ба осонӣ ва бе расонидани зарар ба саломатӣ, духтурон хӯрдани хӯрокҳои сабукро тавсия медиҳанд. Мева ва сабзавоти тоза ҳатман бояд дар вояи хӯроки шумо бошанд. Ҳар гуна ғалладона низ ба ин шомил мешаванд, зеро онҳо манбаи  зарурии калория ҳастанд. Миқдори кофии сафедаро  метавон бо маҳсулоти ширӣ, панир, чормағз таъмин кард. Аммо хӯрдани гӯшт сарфи неруи зиёд ва нӯшидани оби зиёдеро барои ҳазмшавӣ талаб менамояд, инчунин ба ҷамъшавии токсинҳо мусоидат мекунад, бинобар ин шумо ҳамеша мехоҳед пас аз хӯрдани гӯшт бештар об бинӯшед. Бинобар ин дар давоми рӯза камтар  гӯшт хӯрдан лозим аст.
Ҳамчунин табибон рад кардани хӯрдани маҳсулоти тозакардашударо маслиҳат медиҳанд. Ин нон ва маҳсулоти каннодӣ аз орди сафед, биринҷи сафед, қанди сафед, равғани растании  тозашуда ва ғайра мебошад. Дар охири рӯза фавран ба ҳолати муқаррарӣ баргаштан душвор аст, онро бояд оҳиста-оҳиста анҷом дод.
Муҳимтар аз ҳама риояи меъёр дар хӯрок аст ва он на танҳо дар давоми рӯза бояд бошад.

Июнь 13, 2016 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд