Рўзи байналмилалии мубориза бар зидди меҳнати кўдак: «Барҳам додани меҳнати кўдак дар таҳвили молрасонӣ вазифаи ҳар яки мост»

Июнь 13, 2016 13:46

Душанбе, 13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.    Дар  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналмилалии меҳнат бахшида ба  Рўзи байналмилалии мубориза бар зидди меҳнати кўдак ҷаласаи  навбатии Шўрои  ҳамоҳангсози байниидоравӣ  дар мавзўи «Барҳам додани меҳнати кўдак дар таҳвили молрасонӣ  вазифаи ҳар яки мост» доир гардид.
Тавре ки аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат  12 июнро аз соли 2002 инҷониб Рӯзи байналмилалии мубориза бо меҳнати кўдак эълон намудааст. Дар ин рӯз дар тамоми ҷаҳон чорабиниҳои оммавӣ ташкил гардида, диққати корфармоён ва ҷомеа ба манъ кардани шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак ҷалб карда мешавад.
Дар чорабинии мазкур аъзои Шўро  намояндагони шарикони иҷтимоӣ, вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ,  воситаҳои ахбори омма ва намояндаи сафоратхонаи Ҷумҳурии федералии Олмон  ширкат намуданд.
Шўрои байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон тасмим гирифт, ки минбаъд низ ҳамоҳангозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шарикони иҷтимоиро  ҷиҳати  татбиқи   «Нақшаи амал оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 — 2020»  тақвият  бахшад.

Июнь 13, 2016 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид