Сафари як гурӯҳ сафирони мамолики хориҷӣ ба Бадахшон

Июнь 30, 2016 14:40

Хоруғ, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ сафирони давлатҳои Амрико, Чин, Ҷопон, Покистон, Эрон, Туркия, Украина, Беларус, Туркманистон ва Қазоқистон дар доираи таҷлил аз ҷашнгирии Ваҳдати миллӣ ба шаҳри Хоруғ сафар намуданд. Сафиронро дар ин сафар намояндагони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ҳамроҳӣ карданд. Меҳмонон баъди шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони бинои ДОМ, фаъолияти «Помирэнерҷӣ» ҳамчунин аз шаҳрчаи навбунёди Раҳмонобод дидан намуданд ва бо сокинони он суҳбат карданд. Намояндаи СММ оид ба рушд дар Тоҷикистон Ян Харофст аз хизматҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори ин шаҳрча ёдовар шуда, гуфт, ки дар муддати кӯтоҳ ба истифода додани чунин хонаҳои аз ҷиҳати меъморӣ зебо воқеан бори дигар муттаҳидии  мардуми тоҷикро собит сохт. Дарвоқеъ, мушкилоти мардум ҳамеша зери назари роҳбарияти кишвар қарор доранд ва мо инро дар деҳаи дигари  ин манотиқ- деҳаи Ғудара эҳсос мекунем.
Сафирон ҳамчунин аз дигар иншооти таъйиноти мухталифи шаҳру навоҳии вилоят дидан намуданд.

Июнь 30, 2016 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад