Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ — барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад

Ноябрь 22, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 22.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи боғу токпарварӣ дар Тоҷикистон на танҳо бахши анъанавии кишоварзӣ, балки яке аз соҳаҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ, афзоиши содирот ва коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ мебошад.  Соли 2024 бо қарори Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардид, ки он чорумин барномаи давлатӣ дар ин самт мебошад.

Се марҳилаи барнома

То имрӯз дар мамлакат се барномаи муҳими ин соҳа амалӣ гардидаанд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 апрели соли 2007 «Дар бораи Барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур ва парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2015 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» қабул ва амалӣ шуданд.

Тибқи таҳлили олимони соҳа, маҳз ҳамин барномаҳо замина гузоштанд, ки дар даҳсолаи дуюми соҳибистиқлолӣ масоҳати боғу токзори ҷумҳурӣ 57 ҳазору 193 гектар (аз ҷумла,  54 606 гектар боғ ва 2587 гектар токзор) васеъ карда шаванд. Ин барномаҳо мусоидат намуданд, ки Тоҷикистон яке аз содиркунандагони муҳими меваҳои тару тоза ва хушк гардад.

Иҷрои барнома дар соли 2026

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, тибқи нақшаи барнома соли равон дар ҷумҳурӣ бунёди боғу ток дар 871 гектар, аз он боғ 532 гектар, ток 339 гектар ва барқароркунии боғу токзори кӯҳна дар 3736 гектар (боғ- 3214 гектар, ток-522 гектар) пешбинӣ гардидааст.

Мувофиқи маълумоти фаврӣ, дар нуҳ моҳи соли равон хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар 1293 гектар боғ ва дар 84 гектар ток бунёд намудаанд. Инчунин корҳои барқароркунии боғҳо дар 2827 гектар ва токзор дар 364 гектарро ба анҷом расонида, кор дар ин самт идома дорад.

Мушкилоти соҳа

Олимони соҳаи боғдорӣ таъкид менамоянд, ки дар давраи нашъунамои боғу токзор инкишофёбӣ ва паҳншавии зараррасонҳо ва касалиҳои гуногун бештар мушоҳида мегардад. Аз ин рӯ ҳосили боғу токзор аз ин ҳисоб зарар дида, ҳатто дар баъзе мавридҳо сабаби хушк шудани дарахтони мевадиҳанда мегардад. Инчунин тағйирёбии иқлим, сардиҳои ҳаво, камборишӣ, зиёдшавии бориш ва гармиҳои пешгӯинашаванда ба ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда таъсири манфӣ расонида истодааст.

Таъкид гардид, ки бо амалишавии ин барнома мушкилоти соҳаи боғу токзор бартараф карда мешавад. Инчунин бунёди боғҳои муосири суперинтенсивӣ ва интенсивӣ зиёд мегардад.Чунин боғҳо на танҳо дар майдони хурд ҳосили баланд медиҳанд ва ба офатҳои табиӣ тобоваранд, балки барои корхонаҳои саноатӣ ашёи хоми босифато таъмин намуда, вобастагии бозорро аз маҳсулоти воридотӣ коҳиш медиҳанд.

Ситруспарварӣ

Яке аз навовариҳои муҳими барномаи чорум ворид намудани бахши ситруспарварӣ мебошад. Зеро он манбаи даромад ва тақвияти иқтисодиёти мамлакат дониста шуда, бо амалӣ гардидани ин барнома нархи меваи ситрусӣ дар бозорҳои истеъмолӣ паст мегардад. Он ҳамчунин ба таъсиси ҷойи нави кор ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат менамояд.

Татбиқи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ барои солҳои 2025-2029» мусоидат менамояд, ки парвариши меваҳо аз шакли анъанавӣ ба модели муосири иқтисоди «сабз» равона гардад. Афзоиши боғҳо дар баробари фоидаи иқтисодӣ дар кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва беҳтар шудани вазъи экологии минтақа саҳм мегузорад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 22, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ. Шарҳи Вазорати маориф ва илм дар ин хусус
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст