«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст

Ноябрь 22, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 22.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Парчам дар таърихи давлатдории ҳар миллат на танҳо рамзи шинохти давлат, балки таҷассумгари таърих, фарҳанг, ҳувияти миллӣ, ормонҳои мардум ва нишонаи соҳибихтиёрии он мебошад. Он дар лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихӣ мардумро муттаҳид намуда, ба наслҳо ҳисси ифтихор аз давлату давлатдорӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти ҳифзи арзишҳои миллиро талқин месозад. Барои миллати куҳанбунёди тоҷик Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси миллӣ таҷассумгари роҳи пуршебу фарози таърих, суннатҳои давлатдорӣ, истиқлоли давлатӣ ва ормонҳои созандаи мардуми Тоҷикистон мебошад.  

Таърихи парчамдории тоҷикон

Парчами давлатӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ буда, таҷассумгари таъриху фарҳанг, ҳувияти миллӣ, ваҳдат ва соҳибистиқлолии ҳар миллат мебошад. Барои халқи тоҷик парчамдорӣ суннати деринаи таърихӣ дошта, решаҳои он аз давраҳои бостонӣ сарчашма мегиранд. Яке аз намунаҳои барҷастаи ин суннати таърихӣ Дирафши Ковиёнӣ аст, ки дар хотираи таърихии миллат рамзи озодӣ, адолат, шуҷоат, ваҳдат ва давлатдории бостонӣ ба ҳисоб меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ 24 ноябри соли 2025 таъкид намуданд, ки «таърихи парчамдории мо — тоҷикон реша дар тамаддуни чандинҳазорсолаи миллат дорад». Ҳамчунин Сарвари давлат Дирафши Ковиёнро рамзи давлатдории ориёӣ ва нишонаи иттиҳоду сарҷамъии мардуми куҳанбунёди тоҷик арзёбӣ намуданд. Ин рамзи таърихӣ дар осори безаволи адабиёти классикии тоҷик, ба хусус «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ҷойгоҳи хос дорад. Фирдавсӣ дар васфи он чунин мефармояд:

Бизад бар сари хеш чун гирдмоҳ,
Яке фоли фаррух пай афканд шоҳ.
Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дирафш».

Имрӯз суннати деринаи парчамдории тоҷикон дар Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол идомаи шоиста пайдо кардааст. Ин пайванди таърихӣ нишон медиҳад, ки парчам на танҳо рамзи расмии давлат, балки таҷассумгари хотираи таърихӣ, ҳувияти миллӣ, арзишҳои маънавӣ ва пайванди наслҳо мебошад.

Оғози марҳилаи нави парчамдории миллӣ

9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли давлатияшро эълон намуд. Ин рӯйдоди таърихӣ барои миллати тоҷик оғози марҳилаи нави давлатдорӣ ва имкони мустақилона муайян намудани роҳи рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар гардид.

Дар баробари ин, ташаккул ва қабули рамзҳои давлатии давлати соҳибистиқлол яке аз масъалаҳои муҳимми рӯзномаи сиёсӣ ва ҳуқуқии мамлакат ба ҳисоб мерафт. Зеро ҳар давлати соҳибихтиёр бояд рамзҳое дошта бошад, ки ҳастӣ, соҳибистиқлолӣ, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои таърихиву фарҳангии онро таҷассум намоянд. Дар чунин шароит бо назардошти зарурати таҳияи рамзҳои нави давлатӣ комиссияи махсус таъсис дода шуда, озмун барои таҳияи намунаҳои Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ баргузор гардид.

Бо вуҷуди мушкилоти сиёсиву иҷтимоии он давра масъалаи қабули рамзҳои давлатӣ аҳамияти хосса касб карда буд. Кишвар дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ қарор дошт ва зарурати қабули қарорҳое ба миён омада буд, ки бояд минбаъд ҳамчун асоси давлатдории миллӣ хизмат мекарданд. Дар чунин шароит Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон нақши тақдирсоз гузошт.

Маҳз 24 ноябри соли 1992 дар ин иҷлосияи таърихӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли имрӯзааш қабул гардид. Қабули Парчами давлатӣ дар он рӯзҳои ҳассос аҳаммияти бузурги сиёсӣ ва таърихӣ дошт. Он баёнгари иродаи давлат барои идомаи роҳи соҳибистиқлолӣ, ҳифзи ягонагии кишвар ва ташаккули давлатдории навини миллӣ буд.

Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ аҳамияти ин рӯйдоди таърихиро чунин арзёбӣ намудаанд: «Қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон нишонаи соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми кишвар аз дигар иқдоми муҳимми иҷлосияи таърихӣ буд». Ин суханон моҳияти аслии қабули Парчами давлатиро инъикос менамоянд. Зеро дар шароите, ки кишвар ба мушкилоти шадиди сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буд, қабули рамзи ягонаи давлатдорӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи эҳсоси соҳибдавлатӣ аҳаммияти бузург дошт. Рӯзи дигар, 25 ноябри соли 1992, Парчами нави давлатӣ ба толори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд. Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами давлатӣ сари таъзим фуруд оварда, савганд ёд намуданд. Ин лаҳзаи таърихӣ ҳамчун рамзи садоқат ба давлат, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва масъулият дар назди миллату Ватан дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт гардид.

Марҳилаҳои рушди ҳуқуқии Парчами давлатӣ

Яке аз масъалаҳои муҳимми давлатдории миллӣ муайян намудани мақоми ҳуқуқии рамзҳои давлатӣ ва таъмини ҳифзи онҳо мебошад. Зеро рамзҳои давлатӣ танҳо дар ҳолати дорои заминаи устувори ҳуқуқӣ будан метавонанд мақоми конститутсионӣ ва арзиши умумидавлатии худро нигоҳ доранд. Пас аз қабули Парчами давлатӣ тадриҷан заминаҳои ҳуқуқии истифода, ҳифз ва эҳтироми он ташаккул ёфтанд. 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин санади олии ҳуқуқӣ дар ташаккули низоми нави давлатдорӣ ва муайян намудани мақоми рамзҳои давлатӣ нақши муҳим гузошт. Мувофиқи моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии Тоҷикистон мебошанд.

Ин муқаррарот аҳамияти махсуси ҳуқуқӣ дошта, Парчами давлатиро ба сифати яке аз асосҳои конститутсионии давлатдорӣ эътироф менамояд. Марҳилаи дигари муҳим дар таҳкими заминаҳои ҳуқуқии Парчам 11 декабри соли 1999 ба тасвиб расидани Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо мақсади такмили минбаъдаи танзими ҳуқуқии рамзҳои давлатӣ 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Қонуни мазкур мақоми ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза, ҷойгиркунӣ ва истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди миллиро муайян намуда, муносибатҳои эҳтиром ва ҳифзи онҳоро ба танзим медарорад. Ҳамин тавр, дар даврони соҳибистиқлолӣ Парчами давлатӣ аз рамзи расмии давлатдорӣ ба яке аз муҳимтарин арзишҳои конститутсионӣ ва муқаддасоти миллӣ табдил ёфт.

Ташаббуси Пешвои миллат ва таъсиси Рӯзи Парчами давлатӣ

Дар баробари таҳкими заминаҳои ҳуқуқии Парчами давлатӣ масъалаи баланд бардоштани мақоми маънавӣ ва иҷтимоии он низ мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат қарор дошт.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид. Зеро соли 2009 бо пешниҳоди Сарвари давлат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуда, 24 ноябр расман Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид. Ин иқдом аз таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлат ба эҳтироми муқаддасоти миллӣ, таҳкими худшиносии шаҳрвандон ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву давлатсозӣ шаҳодат медиҳад. Дар паёми шодбошии соли 2025 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатиро чун рамзи ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъии мардум арзёбӣ намуда, чунин таъкид намудаанд: «Парчами давлатӣ нишонаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва талошу муборизаҳои миллат ба хотири истиқлолу озодӣ ба ҳисоб меравад».

Ин андеша аҳамияти Парчами давлатиро дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва муттаҳидсозии ҷомеа боз ҳам равшан месозад. Зеро дар шароити давлатдории муосир рамзҳои миллӣ яке аз омилҳои муҳимми нигоҳдории ҳувияти умумимиллӣ ва муттаҳидсозии шаҳрвандон дар атрофи арзишҳои давлатдорӣ ба ҳисоб мераванд. 

Парчами давлатӣ ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол

Давоми беш аз се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон таҳти Парчами миллии худ марҳилаҳои муҳими ташаккул ва рушди давлатдориро паси сар намуд. Давлатдории миллӣ таҳким ёфта, пояҳои сохтори конститутсионӣ мустаҳкам гардиданд, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таъмин шуда, заминаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат фароҳам оварда шуданд. Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳбарии давлат, ташаккули низоми муосири идоракунӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар таърихи навини мамлакат мавқеи муҳим дорад. Бо роҳбарии Сарвари давлат дар кишвар татбиқи барномаҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёди роҳу пулҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, иншооти истеҳсолӣ ва инфрасохтори муосир идома ёфт. Дар баробари ин, таҳкими истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафҳои муҳими стратегии давлат муайян гардиданд.

Имрӯз Парчами Тоҷикистон дар фарози иншооти муҳими давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои ҳарбӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ парафшонӣ мекунад.

Парчами давлатии Тоҷикистон дар назди қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар баробари парчамҳои давлатҳои ҷаҳон барафрохта шудааст. Ин воқеият нишонаи эътирофи Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар паёми шодбошии соли 2025 Пешвои миллат ин мавзуъро ба таври возеҳ баён намудаанд: «Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаҳои дунё муаррифи кишвари озоду ҳуқуқбунёди мо мебошад. Зеро Парчами давлатӣ чун нишони давлати соҳибистиқлол дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, олимпиадаҳо ва дигар мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мегардад».

Дар ҳақиқат, парафшонии Парчами давлатӣ дар чорабиниҳои байналмилалӣ, ба хусус ҳангоми иштирок ва пирӯзии варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ эҳсоси ифтихори миллиро дар қалби шаҳрвандон бедор менамояд. Ҳар пирӯзии варзишгари тоҷик ва баланд гардидани Парчами давлатӣ дар минбарҳои байналмилалӣ гувоҳи талошу заҳмат, қобилият ва имконияти мардуми Тоҷикистон мебошад. Пешвои миллат дар ин хусус чунин таъкид намудаанд: «Ҳар вақте ки варзишгарони тоҷик ба майдон мебароянд, онҳо на танҳо номи шахсии худ, балки номи Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд». Ин андеша баёнгари он аст, ки ҳар шаҳрванди кишвар, новобаста аз касбу кор ва мақоми иҷтимоии худ метавонад дар муаррифии давлат ва баланд бардоштани нуфузи он саҳм гузорад.

Нақши мақомоти прокуратура дар таҳкими қонуният ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ

Мақомоти прокуратура ҳамчун низоми ягонаи марказонидашудаи давлатӣ дар таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин манфиатҳои давлату ҷомеа нақши муҳим доранд.

Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолияти мақомоти прокуратура ба таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа ва таҳкими қонуният равона гардидааст. Аз ин нуқтаи назар, арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ барои кормандони мақомоти прокуратура на танҳо эҳтиром ба яке аз муқаддасоти миллӣ, балки ифодаи садоқат ба Конститутсия, қонун, давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

Парчами давлатӣ дар биноҳои мақомоти прокуратура низ ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллӣ афрохта шуда, кормандони ин мақомот дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ бо риояи савганди хизматӣ, иҷрои софдилонаи уҳдадориҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва манфиатҳои давлату ҷомеа ба арзишҳои конститутсионӣ содиқ будани худро собит менамоянд. Масъулияти корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар назди давлату миллат аз он иборат аст, ки дар баробари эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ дар амал низ ҳомии қонун, адолат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон бошад.

Зеро эҳтиром ба Парчам танҳо бо арҷгузории зоҳирӣ маҳдуд намегардад. Он, пеш аз ҳама, дар садоқат ба Ватан, риояи қонун, иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ, мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ ва саҳмгузорӣ дар таъмини зиндагии осоиштаи мардум таҷассум меёбад. Дар баробари ин, мақомоти прокуратура дар доираи ваколатҳои қонунии худ ба масъалаҳои таъмини риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба рамзҳои давлатӣ ва пешгирии амалҳои хилофи қонун таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Ҳамин тариқ, эҳтиром ба Парчами давлатӣ ва риояи меъёрҳои ҳуқуқии марбут ба он бояд дар фаъолияти ҳар хизматчии давлатӣ ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҷассум ёбад. Зеро садоқат ба давлат дар иҷрои масъулияти хизматӣ, таъмини адолат ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеа ифода меёбад.

Шаҳзод АҲМАДЗОДА,
Ёрдамчии прокурори шаҳри Ҳисор

Ноябрь 22, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ. Шарҳи Вазорати маориф ва илм дар ин хусус
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
АЗ РАМЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ТО НИШОНИ ЭЪТИБОРИ ҶАҲОНӢ. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид