Се китоби Н. Шоҳиён аз ҷониби олимони Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон ва Украина баҳои баланд гирифт
Душанбе, 18.06.16./АМИТ «Ховар»/. Се китоби олими тоҷик, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Нуралӣ Шоҳиён дар Тоҷикистон, Олмон ва Украина нашр шуданд.
«Воспитательно-образовательные технологии в конкурентной среде ВУЗа» — монографияи профессор аст, ки бо забонҳои русӣ ва олмонӣ дар нашриёти академии LAP (LAMBERT Academic Publishing) мунташир гардидааст. Дар монографияи мазкур масъалаҳои технологияи тарбиявӣ-таълимӣ ва моделҳои таълими инноватсионӣ дар макотиби олӣ баррасӣ шудаанд.
«Основы современной педагогики»- китоби дигар аст, ки дар Украина ба нашр расид. Дар монографияи мазкур, масъалаи таъсири илмҳои гуногун (фалсафа, фарҳангшиносӣ, кибернетика, психология) ба объекти донишҳои педагогӣ матраҳ шуда, маълумоти ҷолибу арзишманди амалиявӣ дорад. «Конкурентология и саморазвитие личности» дар Тоҷикистон нашр шудааст. Дар китоби мазкур масъалаҳои рақобат ва ҷанбаҳои тарбияи кадрҳои насли нав дар замони рушди инноватсионӣ баррасӣ шудаанд. Ҳар се китоб аз ҷониби олимони шинохтаи соҳаи педогогикаи Русия, Қазоқистон, Украина ва Тоҷикистон баҳои баланд гирифтаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






