Ситоди ҷумҳуриявӣ: «Гармидиҳию неруи барқ муштаракан манфиатоваранд»

Июнь 5, 2016 19:32

Душанбе, 5.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл дар Вазорати энергетика ва захираҳои об таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи Ситоди Гурӯҳҳои корӣ оид ба пайваст шудан ба шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе ва андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати таъмини талаботи иқтидорҳои саноатии кишвар бо ангиштсанг баргузор гардид.

Тавре муовини Сарвазири мамлакат қайд намуд, дар робита ба иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанберо, ки солҳои тулонӣ қисман фаъолият наменамуданд, аз сари нав таҷдид ва барқарор созад. Дар доираи ин нақша, барои насби шоҳқубури гармидиҳӣ аз «МБГ Душанбе-2» то «Автовокзали»-и ш. Душанбе, ки дарозиаш 6,1 км мебошад, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби се ширкати ватанӣ-«Диамант и К», «Союз сохтмон», ҶДММ «Сарҳадсоз»- (ғолибони озмуни ширкати ТВЕА) оғоз гардида, то имрўз 1482 метр қубурҳои қутрашон 720 мм насб гардидааст, ки 24,3%-и ҳаҷми корҳои пешбинишударо ташкил медиҳанд. Тавассути пайваст кардани ин шоҳқубур бо 12 км хатҳои шабакаҳои таҷдидшавандаи гармидиҳии шаҳри Душанбе, дар фасли зимистони соли ҷорӣ имконият пайдо мегардад, ки интиқоли гармӣ ба 1526 адад биноҳои баландошёна, ташкилоту муассисаҳо таъмин гардад ва ин нисбат ба давраи зимистонгузаронии солҳои 2015-2016 дар маҷмуъ 910 адад ё ин ки 2,47 маротиб зиёд мебошад. Ҳамзамон бо ин мақсад барои аз болои дарёи Душанбе гузаронидани қубурҳои гармидиҳӣ корҳои пармакунии ҷои сутунҳо  (пояҳо) идома доранд.

Дар баробари ин, таҷдиди 12000 м хатҳои шабакаҳои гармидиҳӣ низ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ, ки  корҳои сохтмониро дар шаш қитъа оғоз намудаанд, идома доранд. Бо ин мақсад аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 11508 м қубурҳои гуногунқутр ворид гардидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки тамоми корҳои вобаста ба таҷдиду сохтмон ва барқарорсозии шабакаҳои гармидиҳиро то фарорасии фасли зимистони соли 2016-2017 ба анҷом расонад.

Махсус бояд қайд намуд, фаъолияти «МБГ Душанбе-2» дар ҳоле фоидаовар мегардад, ки дар баробари нерўи барқ, гармии истеҳсолшуда низ ба аҳолии шаҳр расонида шавад. Талаботи ин иншоот ба ангишт дар соли ҷорӣ бо назардошти ба истифода додани 2 агрегати нав бо иқтидори 2Х150 Мвт дар ҳудуди 700 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод. Талаботи умумии иқтидорҳои саноатии кишвар ба ангишт дар соли ҷорӣ 1,7 млн. тоннаро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва КВД «Ангишт» дастур дода шуд, ки истихроҷи ангиштро бо назардошти иқтидорҳои нави саноатӣ ба роҳ монанд. Ҳамчунин муовини Сарвазир ба аъзоёни Ситод, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва сохторҳои дахлдор супориш дод, ки дар баробари вусъат бахшидан ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолиро низ дуруст ба роҳ монанд.

Аҳолии шахр бояд бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки маҳз дар ҳамкории муштарак чунин масъалаҳо ҳалли худро метавонанд тезтар ва бо сифати баланд пайдо кунанд.

 

Июнь 5, 2016 19:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Занони тоҷик бо ҳунари порадӯзӣ хона ва ҷиҳози арӯсонро оро медиҳанд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст