«Созандагони Ватан» ба «Роҳи Ваҳдат- 2016» оғоз мебахшанд

Июнь 30, 2016 09:08

Душанбе, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Соли чорум аст, ки аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар якҷоягӣ бо дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар рӯзҳои  баргузории ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ роҳпаймоии автомобилии ҷавонон таҳти унвони «Роҳи Ваҳдат» доир карда мешавад. Чорабинии мазкур аз шаҳри Душанбе оғоз гардида, он аллакай дар минтақаҳои Суғд, Хатлон ва навоҳии тобеи марказ то ноҳияи Ҷиргатолу шаҳри Турсунзода баргузор шуд.
Имсол ташкилот  тасмим дорад, ки онро аз 30 июн то 3 июл бо иштироки 90-100 нафар ҷавон аз минтақаҳои мухталифи кишвар дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб — Дарвоз- Рӯшон- Хоруғ- Ишкошим доир намояд.
Дар доираи чорабинӣ боздиди ҷавонон аз мавзеъҳои истироҳатию таърихӣ, дастовардҳои халқи тоҷик, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар минтақаи биҳиштосои Ватани маҳбубамон маҳз бо талошҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷуд омадаанд, сурат мегирад.
Муассисони чорабинӣ иброз медоранд, ки он ба тарбияи ҳисси ватандӯстии ҷавонон, тақвияти дӯстию рафоқати ҷавонони манотиқи гуногуни кишвар ва дар маҷмӯъ, ба Ваҳдати миллӣ дар миёни ҷавонон таъсири мусбат хоҳад расонид.

Июнь 30, 2016 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад