Татбиқи масъалаҳои муосири математика дар филиали ДДМ дар шаҳри Душанбе

Июнь 3, 2016 13:14

Душанбе, 3.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе конфронси илмии байналмилалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои муосири математика ва татбиқи онҳо» баргузор гардид.
Дар конфронси мазкур олимони соҳаи математика аз донишгоҳу донишкадаҳои  ҷумҳурӣ ва инчунин аз Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов иштирок  намуда, доир ба масъалаҳои имрӯзаи математика маърӯза намуданд.
Ба иттилои ноиби директори иҷроия оид ба илм, тарбия ва масъалаҳои иҷтимоии филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Холиқназар Кучакшоев, мақсад аз баргузории конфронси мазкур  огоҳонидани ҷавонону донишҷӯён аз дастовардҳои олимони Тоҷикистону Русия дар соҳаи математика мебошад.

Июнь 3, 2016 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад