Теъдоди хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон меафзояд
Душанбе, 03.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи майи соли равон 774 нафар ба узвияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) пазируфта шудаанд, ки аз онҳо 96 нафар аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва 85 нафар аз Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошанд.
Инчунин моҳи сипаригардида 9 нафар шаҳрвандони хориҷӣ низ ба КМТ аъзо гардидаанд, ки 6 нафар аз Русия, 1 нафар аз Афғонистон ва 2 нафари дигар аз Фаронса мебошанд.
Тибқи анъанаи мавҷуда Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён ду маротиба намоиши китобҳои тозанашрро доир мекунад ва хонандагонро аз вуруди китобҳои тоза ба Китобхонаи миллӣ огоҳ месозад.
Бино ба иттилои Шуъбаи мазкур теъдоди хонандагони ин боргоҳи маърифат ба 90 ҳазору 234 нафар расидааст.








Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд






