Вазорати кишоварзӣ: 9873 тонна мева ҷамъоварӣ шудааст
Душанбе, 13.06.2016 /АМИТ Ховар/. Дар тамоми минтақаҳои кишвар имрӯзҳо ҷамъоварии мева муташаккилона идома дорад. Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии кишвар то 13 июн дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ 9 ҳазору 873 тонна мева ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 ҳазору 96 тонна зиёд мебошад.
Ҷамъоварии меваҷот дар вилояти Хатлон 7 ҳазору 766 тонна, вилояти Суғд 1 ҳазору 663 тонна ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 444 тоннаро ташкил медиҳад.
Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар вилояти Хатлон 4 ҳазору 382 тонна, вилояти Суғд 1 ҳазору 642 тонна ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 72 тонна мева зиёд ҷамъоварӣ шудааст.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






