Вохӯрии техникӣ оид ба омодасозии тадқиқоти муомилоти ғайриқонунии афюни афғонӣ дар Вена

Июнь 18, 2016 09:27

Душанбе, 18.06.16./АМИТ «Ховар»/.  Дар  шаҳри  Вена вохӯрии  техникӣ оид ба омодасозии тадқиқоти муомилоти ғайриқонунии афюни афғонӣ аз тариқи масири шимол дар  доираи Лоиҳаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ -Мониторинги савдои афюни афғонӣ  баргузор гардид.  Дар  кори он намояндагон аз давлатҳои Осиёи Марказӣ, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилотии Осиёи Марказӣ (ММҲИОМ),  ташкилотҳои байналмилалӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар вохӯрӣ оид ба самтҳои интиқоли маводи нашъадор аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба воситаи дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ  ба Федератсияи Русия, мусодираи маводи нашъадори гурӯҳи афюнӣ, ошкори ҷиноятҳои мухаддиротӣ ва оид ба вазъи нашъамандӣ дар минтақа дар муқоиса ба солҳои пешин маълумот пешниҳод намуданд.
Намояндагони давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ  доир ба ҳалли мушкилот ва гузаронидани тадқиқоти талабот ва истеъмоли маводи нашъадори гурӯҳи афюн дар масири шимол фикру мулоҳизаҳои худро барои амалҳои оянда пешниҳод  намуданд.

Июнь 18, 2016 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд