Вохӯрии техникӣ оид ба омодасозии тадқиқоти муомилоти ғайриқонунии афюни афғонӣ дар Вена
Душанбе, 18.06.16./АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Вена вохӯрии техникӣ оид ба омодасозии тадқиқоти муомилоти ғайриқонунии афюни афғонӣ аз тариқи масири шимол дар доираи Лоиҳаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ -Мониторинги савдои афюни афғонӣ баргузор гардид. Дар кори он намояндагон аз давлатҳои Осиёи Марказӣ, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилотии Осиёи Марказӣ (ММҲИОМ), ташкилотҳои байналмилалӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар вохӯрӣ оид ба самтҳои интиқоли маводи нашъадор аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба воситаи дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Федератсияи Русия, мусодираи маводи нашъадори гурӯҳи афюнӣ, ошкори ҷиноятҳои мухаддиротӣ ва оид ба вазъи нашъамандӣ дар минтақа дар муқоиса ба солҳои пешин маълумот пешниҳод намуданд.
Намояндагони давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ доир ба ҳалли мушкилот ва гузаронидани тадқиқоти талабот ва истеъмоли маводи нашъадори гурӯҳи афюн дар масири шимол фикру мулоҳизаҳои худро барои амалҳои оянда пешниҳод намуданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд






