124 нафар магистратураи Академияи илмҳоро хатм намуданд
Душанбе, 19.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин ҷаласаи хатмкунандагони магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Тавре сухангӯи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шервони Умриддин хабар дод, дар ҷаласа президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зикр кард, ки имрӯз магистрҳо дар таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал магистратураро хатм намудаанд ва дарҳои муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хатмкунандагон барои идомаи фаъолияти илмӣ боз аст.
Магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро 124 нафар хатм намуданд, ки 5 нафари онҳо бо дипломи аъло магистратураро хатм намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ 124 нафар хатмкунандагони магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






