Чаро дар бораи худкушӣ набояд навишт?

Июль 28, 2016 09:40

Душанбе, 28.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чанд рӯз пеш зимни нишасти матбуотӣ бо журналистони расонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ оид ба фаъолияти хизматии кормандони ВКД иттилоъ дода, зикр кард, ки дар давоми шаш моҳи аввали соли равон дар ҳудуди мамлакат зиёда аз 300 ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумотномаи ВКД, ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ дар муқоиса ба шаш моҳи аввали соли гузашта нисбатан камтар сурат гирифтаанд (дар нимсолаи аввали соли 2015 ин ҳолат 361 маротиба ба қайд гирифта шудааст).

Бояд иқрор шуд, ки ҳодисаи худкушӣ ва ё қасди ҷони худ кардан солҳои пеш аҳён-аҳён ба чашм мерасид. Зиёда аз ин, худкушӣ барои ҷомеаи суннатии тоҷикӣ бегона буд ва амали нанговар дониста мешуд. Даҳсолаҳои пеш ягон-ягон занону духтарон аз оҷизӣ ё сустии ирода, аз сари ҷаҳлу сабуксарӣ ва ё ҳимояи номус худро ба об мепартофтанд, оташ мезаданд. Аммо танҳо дар шаш моҳи соли равон шумораи занони даст ба худкушӣ зада 168 нафарро ташкил доданд.

Аз ҳама ташвишовар ин аст, ки вақтҳои охир кӯдакону наврасон низ бе дарки амали худ ва оқибатҳои он даст ба худкушӣ задаанд ва ё қасди ҷони худ кардаанд. Чунончи, дар нимсоли аввали соли равон 55 нафар ноболиғон ба ин кор даст задаанд.

Мутаассифона, солҳои охир мардон низ бо баҳонаи оҷизӣ ва нотавонӣ худро ба дор мекашанд. Аз ҷумла дар шаш моҳи соли 2016 159 нафар мардон ба худкушӣ ва ё сӯиқасд ба ҷони худ кардаанд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе расонаҳои иттилоотӣ ҳодисаҳои худкуширо на ба оҳанги мазаммату маҳкум кардани ин амали зишт, балки як навъ таҳрикдиҳанда инъикос намуда, ба ин тартиб беихтиёр ва ё дидаву дониста рӯҳияи дилшикастагӣ ва зиндагибезориро дар афкори ҷомеа тарғиб мекунанд. Ин расонаҳо ва журналистон мекӯшанд, ки омилҳои воқеӣ, аз ҷумла бемории рӯҳӣ, бесавод будан, дур аз таълиму тарбия мондан, надонистани арзишҳои инсонӣ ва бехабар будан аз қимати умри одамӣ, ки шахсони беиродаву оҷизро ба худкушӣ такон додааст, нодида гирифта шаванд.

Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки ҳам дар ислом ва ҳам дар динҳои дигар худкушӣ гуноҳи сангинтарин дониста шудааст. То ҷое ки мусулмонҳо, исавиҳо ва намояндагони адёни дигар ҷанозаи одамони худкушикардаро аксаран намехонанд ва ҷасади чунин одамонро дар канори қабристонҳои умумӣ ба хок месупоранд. Дар Қуръон ва Инҷил оварда шудааст, ки макони ҷовидонии одамоне, ки худкушӣ кардаанд, дузах хоҳад буд. Дар бисёр кишварҳо дар ин бора ҳатто сӯҳбат карданро ҷоиз намедонанд.

Бо назардошти ҳамин зимни нишасти матбуотӣ дар ВКД ҶТ аз ҷониби хабарнигор ба вазири корҳои дохилии мамлакат Р.Раҳимзода дархост пешниҳод гардид, ки минбаъд хабарҳо дар хусуси ҳодисаҳои худкушӣ, хусусан аз тарафи духтарону ноболиғон расонаӣ карда нашаванд (албатта ҳолатҳои истисноӣ низ дар ин мавридҳо вуҷуд дошта метавонанд).

Хотиррасон мекунем, ки тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (соли 2008) теъдоди ҳолатҳои ба худкушӣ даст задани одамон дар Тоҷикистон назар ба ҳамаи дигар давлатҳои собиқ шӯравӣ аз ҳама камтар — 2,60 ба ҳар сад ҳазор аҳолӣ ба қайд гирифта шуда буд.

А.Сангзода

 

 

Июль 28, 2016 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Беморони гирифтори диабети қанд дар як шабонарӯз бояд 5-6 маротиба хӯрок истеъмол намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?