Чопи «Комсомольская правда» дар Тоҷикистон қатъ гардид

Июль 21, 2016 12:24

Душанбе, 21.07.2016. /«АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Шарифи Ҳамдампур, муассис ва сардабири ҳафтаномаи «Тоҷикистон»   зимни нишасти матбуотӣ  аз хусуси  қатъи  чопи нашрияи русии «Комсомольская правда» дар Тоҷикистон изҳорот дода, аз ҷумла гуфт, ки: «боздошти чопи рӯзномаи мазкур  барои мо ҳисороти  калони  молӣ меорад, аммо вақте ки миллати маро таҳкир мекунанд, хомӯш ва бетараф буда наметавонам.Нангу номуси ватандорӣ ва манфиати ҳамватанон  аз ҳама дороиҳо болотар аст».
Шарифи Ҳамдампур  дар ин маврид ҳамчунин   зикр намуд, ки  ин эътирози мо ба як мақолаи Сергей Пономарев рабт дорад, ки   16 июли соли равон  дар сомонаи «КП. Ру»  бо номи «Тоҷикистон: аз карахтии шӯравӣ ба ояндаи дурахшон»  («Таджикистан: из советского прозябина в светлое будушее») интишор гардидааст.
С. Пономерев дар ин  мақола, ки баъди боздид аз кишвари мо  навиштааст, Тоҷикистонро «кишвари Равшану Ҷамшудҳо» номида,  дар оғози  мақолааш гуфтааст: «Дар ҳавопаймое аз Маскав ба самти Хуҷанд равонем ва дар миёни мусофирон танҳо ман чеҳраи славянӣ доштам. Бақия Равшану Ҷамшудҳо буданд… ».
Мавсуф, изҳор намуд, ки ин мақола аз нигоҳи ахлоқи рӯзноманигорӣ ғайри қобили қабул ва  таҳқири миллати тоҷик аст ва  ӯ  бо роҳбарияти «KP.ru» иртибот гирифта, гуфтааст, ки ин мақолаи иғвоангез ва пур аз таҳқири миллати тоҷик  ба  манфиати ҳамкории мо нест ва  хоҳиш намудааст, ки он аз сомона бардошта шавад.   Дар ҷавоб аз ҷониби  роҳбарияти « KP.ru»  ҳеҷ иқдоме нисбат ба таҷдиди назар ба ин мақола сурат нагирифтааст.
Шарифи Ҳамдампур  ба унвони сармуҳаррири  «Комсомольская правда» В. Сунгоркин мактуб навишта, дар мавриди боздошти чоп ва паҳн кардани ин нашрия дар Тоҷикистон хабар додааст. Номбурда ҳамчунин, зикр кард, ки «Комсомольская правда» нашрияи дӯстдоштааш буда,  таҷрибаи 10 -солаи ҳамкорӣ бо ин нашрия дорад. Гузашта аз ин, нахустин таҷрибаи рӯзноманигориро замони Шӯравӣ дар ин рӯзномаи муътабар гирифтааст ва аввалин мақолаҳояшро низ дар он чоп кардааст. Аз ин ҷост, ки аз соли 2006 дар асоси шартнома «Комсомольская правда»-ро дар Тоҷикистон чоп мекунад.
«Комсомольская правда» дар қатори «Аргументы и факты»   серхонандатарин рӯзнома дар Русия ба ҳисоб меравад.

Июль 21, 2016 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд