Дар оянда дар Тоҷикистон суғуртаи тиббӣ ҷорӣ карда мешавад

Июль 18, 2016 16:05

Душанбе, 18.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар оянда суғуртаи тиббӣ ҷорӣ карда мешавад».  Дар ин бора Назокат Одиназода, муовини якуми  директори Агентии  суғуртаи  иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 июл ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф вобаста ба роҳандозӣ намудани суғуртаи тиббӣ дар Тоҷикистон таъкид кард,  ки мақомоти салоҳиятдор дар ин масъала Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бояд тазаккур  дод, ки дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳанӯз 8 сол муқаддам,  соли 2008 қонун «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, соли 2010 ба он тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи ин тағийрот бояд дар кишвар шурӯъ аз соли 2014 суғуратаи тиббӣ ҷорӣ карда мешуд. Аммо тибқи ворид намудани тағйирот ба ин қонун дар соли 2013 ҷорӣ кардани  суғуртаи тиббӣ то соли 2017 дар кишвар ба таъхир гузошта шуд.
Ёдовар мешавем, ки 13 июл зимни нишасти хабарӣ Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бо дахли ин масъала гуфт,  ки дар ин самт дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои марбутаи кишвар санадҳои дахлдор таҳия гардида, инчунин гурӯҳи махсуси корӣ созмон дода шудааст, ки  дар мавриди ҷорӣ намудани суғуртаи иҷтимоӣ фаъолият дорад. Вазир таъкид намуд,  ки дар марҳиллаи аввал мо ният дорем, ки то соли 2017  дар яке аз шаҳру вилоятҳо ба таври пилотӣ (таҷрибавӣ) ҷорӣ намоем.

Июль 18, 2016 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд