Дар ВМКБ курси такмили ихтисос барои кормандони китобхонаҳо ташкил карда шуд

Июль 29, 2016 16:48

Хоруғ, 29.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 27 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳои давлатӣ бо иштироки кормандони Китобхонаи миллӣ ва сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода ташкил карда шуд.
Дар он 40 нафар директорони китобхонаҳо ва мудирони шӯъбаҳои китобхонаҳо аз тамоми гӯшаву канори вилоят такмили ихтисос намуданд.
Дар айни ҳол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 182 китобхонаи давлатӣ амал мекунад ва захираи умумии китоб 1191313 дона аст. Аз шумораи умумӣ 584741 ададашро китобҳои тоҷикӣ ташкил медиҳанд.
Ташкили чунин курсҳои бозомӯзӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши касбии кормандони китобхонаҳои давлатӣ ба роҳ монда мешавад.

Июль 29, 2016 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад