Дружиначиёни ихтиёрии Тоҷикистон зиёда аз 70 ҷиноятро ошкор намуданд

Июль 18, 2016 14:44

Душанбе, 18.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби дружиначиёни ихтиёрӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 70 ҷиноят, аз ҷумла 12 ҷиноят шахсан ва 59 ҷиноят дар ҳамкорӣ бо дигар кормандони милитсия ошкор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд, ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ дружиначиён 2 ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордоштаро дастгир намуда, 4 нафареро, ки ба ҳизбҳои экстремистӣ аъзо гардида буданд, ошкор намуданд.
Барои фаъолияти хуб 185 нафар дружиначиён аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ ҳавасманд карда шуданд. Ҳамчунин барои роҳ додан ба камбудиҳо 39 нафари онҳо ба ҷазоҳои интизомӣ ҷалб карда шуданд.
Дар маҷмӯъ, аз ҷониби дружиначиёни ихтиёрӣ дар мамлакат 3051 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор карда шудааст.
Бояд зикр кард, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ»  аз соли 2009 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 «Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи дружинаҳои ихтиёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷумҳурӣ 67 ситоди дружинаҳои ихтиёрӣ ташкил шудааст. Онҳо то имрӯз 17 113 нафар дружиначиёни ихтиёриро муттаҳид менамоянд. Дар давоми нимсола  ба сафи дружинаҳои ихтиёрӣ 512 нафар қабул ва 174 нафар аз ин сафҳо озод карда шудаанд.
Ба ҳисоби миёна ҳар шабонарӯз зиёда аз 500 нафар дружиначиён, аз ҷумла аз шаҳри Душанбе 100 нафар, вилояти Суғд 112 нафар, Хатлон 170 нафар, Рашт 12 нафар, НТҶ 100 нафар ва ВМКБ 20 нафар якҷоя бо кормандони милитсия ба хизмат сафарбар карда мешаванд.

Июль 18, 2016 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид