Кумаки хайриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба хона-интернатҳо
Душанбе, 01.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва дигар мансабдоронро супориш дод, ки дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон ва Иди саиди Фитр, фитри рӯза ва хайроти худро ба ятимону бепарасторон, маъюбон, эҳтиёҷмандон, оилаҳои камбизоат ва оилаҳои бар асари офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат диҳанд.
Бо ин мақсад, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки ба тамоми хона интернатҳое, ки дар зери сохтори ин вазоратҳо ҳастанд кумак расонанд.
Тавре ки дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Вазири тандурустии мамлакат Наврӯз Ҷаъфаров иттилоъ дод, баъд аз амри Президенти мамлакат мо тасмим гирифтем, ки кумаки иҷтимоиро, ки аз маводи хӯрока иборат аст, ба хона- интернатҳои ноҳияи Ҳисор, Бохтар, шаҳри Турсунзода, Чорбоғи ноҳияи Варзоб, ноҳияи Восеъ ва беморхонаи клиникавии ноҳияи Рӯдакӣ расонем.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






