Оғози имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ
Душанбе, 01.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, дар 43 маркази имтиҳонӣ барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум имтиҳони қисми А оғоз шуд. Дар ин имтиҳон иштироки зиёда аз 12 ҳазор довталаби азқайдгузашта дар назар аст. Зикр кардан бамаврид аст, ки соли 2016 теъдоди умумии довталабони азқайдгузашта зиёда аз 83 500 нафарро ташкил мекунад.
Тавре, ки аз Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар 15 шаҳру ноҳияҳои инихобшудаи ҷумҳурӣ дар 43 маркази имтиҳоние, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, баргузор мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки имтиҳонҳои қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) вобаста ба гурӯҳи ихтисосҳо аз 1-ум то 13-уми июл дар марказҳои имтиҳонӣ ва аз рӯйи қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) аз 25-уми июн то 5-уми июл дар муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор мегарданд.
Бояд гуфт, ки эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо тибқи нақша 25 июл пешбинӣ гардидааст. Инчунин натиҷаҳои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро муассисаҳои таълимии дахлдор дар давоми 1-2 рӯз пас аз имтиҳонҳои мазкур ва Марказ 25- уми июл эълон менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






