Рафтори 9 нафар судяҳо шаъну эътибори судяро паст мезанад
Душанбе, 18.07.16. /АМИТ «Ховар»/. «Барои роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолити корӣ амали 40 нафар судяҳо мавриди муҳокима қарор дода шуда, бинобар содир намудани рафторе, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад , нисбат ба 9 нафари онҳо муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шудааст»,-гуфт раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти хабарӣ дар ҳузури хабарнигорони ватаниву хориҷӣ.
Зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли равон судҳои ҷумҳурӣ 74 ҳазору 270 парвандаҳои гуногунро баррасӣ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳазору 729 адад зиёд мебошад.
Оид ба татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба судҳо 301 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид шуда, нисбат ба 292 нафар ба маблағи 880 ҳазору 40 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






